Куштори “хушдор”-и хоҳар аз сӯи бародарон. Якеро баъди 4 сол аз Русия оварда 22 сол ҳабс карданд

Як сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара барои куштори як мард, ки гуфта мешавад, “хушдор”-и хоҳараш будааст, 22 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Обидиён Шавкатбек, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ аз ин шахс Саид Олимӣ ном бурд, ки 4 сол пеш, моҳи ноябри соли 2020 ҳамроҳи бародараш Саттор […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Як сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара барои куштори як мард, ки гуфта мешавад, “хушдор”-и хоҳараш будааст, 22 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора Обидиён Шавкатбек, додраси Додгоҳи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ аз ин шахс Саид Олимӣ ном бурд, ки 4 сол пеш, моҳи ноябри соли 2020 ҳамроҳи бародараш Саттор Сайвалиев дар назди бозори “Панҷшанбе”-и Чоркуҳ Саттор Абдусаломов, сокини дигари шаҳри Исфараро бо зарби арматур ба сару рӯй ва баданаш ба қатл расонида, баъдан, ба Русия фирор кардаанд.

“Саид Олимӣ моҳи сентябри соли 2020 хабар меёбад, ки хоҳараш А.М бо Саттор Абдусаломов муносибатҳои маҳрамона дорад. Ӯ, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия буд, бо қасди куштори Абдусаломов ба Тоҷикистон бармегардад…”,-гуфта шудааст дар ҳукми додгоҳ, ки моҳи сентябр содир шудааст.

Ба иттилои Обидиён Шавкатбек, ҳодисаи куштор рӯзи 5-уми уми ноябри соли 2020 рух дода, “Саид Олимӣ ҳамроҳи Саттор Сайвалиев (Олимӣ) дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и ҷамоати Чоркуҳ Саттор Абдусаломовро маҷбуран ба мошин савор карда, дар мавзеи наздисарҳадии “Сиёҳкуҳ”-и ҷамоати Чоркуҳ бо арматур ба сару руй ва баданаш мезананд”.

Баъдан, ҷасади Абдусаломовро ба бордони мошин бор карда, дар яке аз партовгоҳҳои шаҳр мепартоянд. Мақомот ҷасадро се рӯз пас, 8-уми ноябр пайдо мекунанд.

Баъди куштор, Саид Олимӣ ҳамроҳи Саттор Сайвалиев рӯзи 6-уми нобяри соли 2020 ба Русия фирор кардаанд.

Мақомот Саид Олимӣ ва Саттор Сайвалиевро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доданд ва танҳо баъди 4 сол мақомоти Тоҷикистон ва Русия Саид Олимиро дар ҳудуди Русия дастгир ба Тоҷикистон оварданд.

Бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд Саид Олимӣ барои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) 22 сол аз зодӣ маҳрум гардид.

Саттор Сайвалиев ҳоло ҳам дар ҷустуҷуӯйи байналмилалӣ аст.

Куштори наздикон бо сабаби муносибатҳои маҳрамона ё рашку нобоварӣ бори аввал нест. Рӯзи 26-уми август як сокини Истаравшан хоҳари калониашро барои бо марди бегона робита доштан бо корд кушт ва “хушдор”-и ӯро захмӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.