Дар Бохтар як зан барои иштирок дар ҷангҳои Сурия 20 сол равонаи зиндон шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бохтар як зани 37-солаи ин шаҳрро барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Сурия ва Ироқ бо гумони зархаридӣ (моддаи 401 КҶ) 20 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин зан Камила Урунбоева буда, соли 2015 бо Абдурасул Умаралӣ Уғлу, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахалуси “Сайфулло” ошно аст, никоҳи мусалмонӣ карда, бо даъвати ӯ ба Сурия рафтааст.

“Соли 2016 бо даъвати Абдурасул Умаралӣ Уғлу ба Туркия сафар карда, пасон ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро гузашта, ба Сурия рафтааст. Дар инҷо ба гуруҳи террористию экстремистии “Ҷабҳат-ан-Нусрат” мепайвандат ва дар задухурдҳои мусалаҳона ширкат мекунад”, – гуфт ёрдамчии додситонии вилоят.

Додситонии шаҳри Бохтар моҳи апрел нисбати Камила Урунбоева барои зархаридӣ (модаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, бо қарори додгоҳ аз 19-уми июли соли 2024-ум ӯ 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Варқа Зайниддин нагуфт, ки ин зан кай ва дар кадом шароит боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Назари худи Урунбоева, вакили дифоъ ва наздикони ӯ дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...