Дар Бохтар як зан барои иштирок дар ҷангҳои Сурия 20 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Бохтар як зани 37-солаи ин шаҳрро барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Сурия ва Ироқ бо гумони зархаридӣ (моддаи 401 КҶ) 20 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин зан Камила Урунбоева буда, соли 2015 бо Абдурасул Умаралӣ Уғлу, сокини ноҳияи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Додгоҳи шаҳри Бохтар як зани 37-солаи ин шаҳрро барои иштирок дар муноқишаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои Сурия ва Ироқ бо гумони зархаридӣ (моддаи 401 КҶ) 20 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони додситонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ин зан Камила Урунбоева буда, соли 2015 бо Абдурасул Умаралӣ Уғлу, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо тахалуси “Сайфулло” ошно аст, никоҳи мусалмонӣ карда, бо даъвати ӯ ба Сурия рафтааст.

“Соли 2016 бо даъвати Абдурасул Умаралӣ Уғлу ба Туркия сафар карда, пасон ғайриқонунӣ сарҳади давлатиро гузашта, ба Сурия рафтааст. Дар инҷо ба гуруҳи террористию экстремистии “Ҷабҳат-ан-Нусрат” мепайвандат ва дар задухурдҳои мусалаҳона ширкат мекунад”, – гуфт ёрдамчии додситонии вилоят.

Додситонии шаҳри Бохтар моҳи апрел нисбати Камила Урунбоева барои зархаридӣ (модаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, бо қарори додгоҳ аз 19-уми июли соли 2024-ум ӯ 20 сол аз озодӣ маҳрум шудааст

Варқа Зайниддин нагуфт, ки ин зан кай ва дар кадом шароит боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд.

Назари худи Урунбоева, вакили дифоъ ва наздикони ӯ дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.