“Бо додани шаҳодатномаи ронандагӣ”. Хатлон чӣ гуна нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кард?

Сайраҳмон Назриев, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Масъулини ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки ин вилоят бори аввал дар таърих дар рӯзи аввали  маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро кард.

Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар қаламрави вилояти Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро гардид.

“Имсол дар саросари вилоят пеш аз оғози даъват беш аз 3 ҳазор ҷавон ба курсҳои ронандагӣ ҷалб карда шуданд. Аксари онҳо соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд ва ҳоло ба хидмат мераванд”,-гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сухангӯи раиси вилоят афзуд, ҷавононе, ки аз давраи таълими омодагии сарбози ҷавон гузаштаанд, дирӯз савганди ҳарбӣ ёд карданд. Наваскарони дигар то 10 рӯз ба қисмҳои низомӣ ва ҷузъу томҳо тақсим мешаванд.

Дар даъвати ҳарбии гузашта вилояти Хатлон нақшаро дар якуним моҳ пурра иҷро карда буд.

Бояд гуфт, ки солҳо ба ин сӯ нахустин шуда, ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз пурра иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ хабар медиҳад. Имсол ҳам ВМКБ нахустин вилояте шуд, ки нақшаи даъватро дар рӯзи аввал 100 % иҷро кард.

Ҳамин тавр, имсола навоҳии минтақаи Рашт низ дар рӯзи нахусти даъват ба хидмати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро карданд.

Дар Тоҷикистон чанд аст, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз мушкилоти мубрам ба ҳисоб меравад ва қариб ҳамасола дар замони даъвати баҳориву тирамоҳӣ аксу наворҳо аз “сарбозшикор”-и мақомот расонаӣ мегардад.

Мақомот иҷрои нақшаро дар рӯзи аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, ба маротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзи аввали маъракаи даъват ба артиш пурра шудани нақша мебошад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...