Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Хатлон 100% иҷро шуд

Рӯзи 14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд. "Давоми моҳи апрел то имрӯз […]

Asia-Plus

Рӯзи 14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.

"Давоми моҳи апрел то имрӯз чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд",- менависад манбаъ.

Таъкид шудааст, ки дар 10 соли охир бори аввал аст, ки иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом мерасад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Аз 1-уми апрели соли равон даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.