КҲФ боз аз хатари омадани селҳо огоҳ кард

Давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад. Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанбору кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд. “Аз волидон хоҳиш карда мешавад […]

Asia-Plus

Давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад.

Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар хотиррасон менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар назди обанбору кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.

“Аз волидон хоҳиш карда мешавад фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд”, – тавсия медиҳад Кумита.

Ҳамчунин Кумита ба сайёҳон тавсия додаааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сайру саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Бо муроҷиат ба идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво, хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел, каналу селроҳа ва ҷӯйборҳо тоза карда шаванд.

Шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббииро дида, захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша бо худ дошта бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.