Айбдоркунии гумонбарон дар парвандаи «Крокус» ҷиҳати омодагӣ боз ба як амали террористӣ

Ба се нафар гумонбари эҳтимолии амали террористӣ дар «Крокус» ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани боз як амали террористӣ айбнома пешниҳод шуд: тибқи фарзияи тафтишот, содир кардани ин амалро онҳо бо истифода аз дастгоҳи таркандаи худсохт тарҳрезӣ намуда буданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маводи парванда иттилоъ медиҳад. Бино ба иттилои хабаргузорӣ, онҳо […]

Asia-Plus

Ба се нафар гумонбари эҳтимолии амали террористӣ дар «Крокус» ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани боз як амали террористӣ айбнома пешниҳод шуд: тибқи фарзияи тафтишот, содир кардани ин амалро онҳо бо истифода аз дастгоҳи таркандаи худсохт тарҳрезӣ намуда буданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маводи парванда иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, онҳо ният доштанд, ки ин ҳамларо бо бомбаи худсохт анҷом диҳанд. Бинобар ин, онҳо инчунин ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ ва ғайриқонунӣ тайёр кардани дастгоҳи тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил айбдор карда мешаванд.

Ғайр аз ин, нисбати чор нафари айбдоршавандагони дигари парвандаи «Крокус» дар бораи иштирок дар фаъолияти гурӯҳи террористии мамнӯъи «Вилояти Хуросон», ки ба ҳайати «Давлати Исломӣ» (ДОИШ) дохил мешавад, парвандаи ҷудогона боз шудааст.

Тибқи маълумоти ТАСС, онҳо дар гурӯҳ ба сифати тайркунандагони дастгоҳи  таркандаи худсохт ва силоҳ дониста мешуданд. Нисбати онҳо боз ду парвандаи дигар – дар бораи муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ба он, инчунин ғайриқонунӣ тайёр кардани дастгоҳи тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил оғоз шудааст.

Хабаргузорӣ нисбати киҳо пешниҳод гардидани айбномаҳои нав дар парвандаи “Крокус” хабар намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.

Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" – Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт. Дар содир намудани ин ҷиноят ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла тибқи фарзияи тафтишот, афроде, ки онҳоро бо нақлиёту воситаҳои алоқа ва манзил таъмин мекард, гумонбар дониста мешаванд. Ба бевосита иҷро кардани ин амал тафтишот чор шаҳрванди Тоҷикистонро гумонбар медонад.

Қобили зикр аст, ки баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.

Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро метавонед дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.