Бохти “Равшан” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар Душанбе

Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар баробари “Ал-Вақра”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бозиро бохт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. “Равшан” баъди ин нокомӣ бо як имтиёз дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳи “А” мавқеъ гирифт. Дастаи “Ал-Вақра”, […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дастаи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 дар баробари “Ал-Вақра”-и Аморати Муттаҳидаи Араб бозиро бохт. Ин бозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 0:1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.

“Равшан” баъди ин нокомӣ бо як имтиёз дар зинаи охири ҷадвали гурӯҳи “А” мавқеъ гирифт. Дастаи “Ал-Вақра”, ки дар бозии якум аз “Трактор”-и Эрон шикаст хӯрда буд, бо пирӯзӣ дар ин бозӣ соҳиби се имтиёз шуд ва дар зинаи дуюми гурӯҳ ҷой гирифт.

Бозии дигари гурӯҳи “А” миёни дастаҳои “Трактор”-и Эрон ва “Моҳун баган”-и Ҳиндустон ба далели ҳозир нашудани меҳмонон дар Табрез лағв шуд.

Дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳи рӯзи 23-юми октябр футболбозони “Равшан” дар Эрон бо “Трактор” дидор анҷом медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки дастаи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи "Моҳун Баган"-и Ҳиндустон бозиро мусовӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҷавонони ҳинд”-и шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон баргузор гардида, бо натиҷаи 0 бар 0 ба поён расид.

Қобили зикр аст, ки як рӯз пеш аз бозии “Равшан” иштирокчии дигари мусобиқа аз кишвари мо “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюми худ аз “Сипоҳон”-и Эрон шикаст хӯрд.

Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб  тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.