Дар вилояти Нижний Новгород додани патенти кор ба муҳоҷирон қатъ шуд

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия аз 1 октябр додани патент барои кор ба хориҷиён боздошта шуд. Дар ин бора Раёсати масоли муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа хабар медиҳад. Ба иттилои ин мақомот, додани патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳуқуқи кор бар асосии фармоиши ВКД Русия №1/11198 аз 13 феврали соли ҷорӣ қатъ карда […]

Asia-Plus

Дар вилояти Нижний Новгороди Русия аз 1 октябр додани патент барои кор ба хориҷиён боздошта шуд. Дар ин бора Раёсати масоли муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа хабар медиҳад.

Ба иттилои ин мақомот, додани патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳуқуқи кор бар асосии фармоиши ВКД Русия №1/11198 аз 13 феврали соли ҷорӣ қатъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки зикр мешавад, ба хориҷиёне, ки пештар патенти кор гирифта буданд, Раёсати масоили муҳоҷират ҳуҷҷатро дубора ба расмият дароварда, онҳо метавонанд ба корашон идома диҳанд.

Қобили зикр аст, ки аз моҳи апрели соли 2024 ба муҳоҷирон дар вилояти Нижний Новгород кор дар таксӣ манъ шуда буд.

«Коммерсантъ-Приволжье» хабар дода буд, ки дар зарфи 7 моҳи соли 2024 вуруди хориҷиён ба вилояти Нижний Новгород ба миқдори 24% – то 61 ҳазор нафар кам шуд, ки 62%-и онҳо маҳз муҳоҷирони корӣ мебошанд.

Қаблан дар минтақаҳои Русия ба кори муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳо маҳдудият ҷорӣ шуд. Масаланд, ба онҳо кор дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, мусофирбарӣ, бахши сайёҳӣ, маориф ва ғайра манъ шуд. Чунин маҳдудиятҳо ба сурати умум дар 23 минтақаи Русия ҷорӣ шуданд.

Аз 1 январи соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши машрубот ва тамоку, инчунин дар соҳаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бахшҳои варзиш, фарҳанг, фароғату истироҳат, тандурустӣ ва маориф дар вилояти Маскав кор кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.