“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Фаррух Носиров, роҳбари ҳамакнун пешини дастгоҳи шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) бо гумони қаллобӣ аз сӯи Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора Қаюм Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба иттилои ӯ, Носиров баъди дастгир шуданаш аз вазифа озод гардида, ҳамчунин, ваколати вакилиаш дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол бекор карда шудааст.

Қаюм Маҳмудзода гуфт, роҳбари пешини дастгоҳаш ба он гумонбар мешавад, ки се сол пеш замоне, ки дар ҳукумати шаҳр кор намекард, ҳамчун миёнарав дар хариду фурӯши хона аз чандин нафар маблағ гирифта, ба манфиати онҳо коре накардааст.

Вале Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр бо нашри хабар дар бораи боз шудани парванда нисбати Фаррух Носиров навишт, ки ӯ “бо истифода аз мақоми хидматӣ” аз як шаҳрванд барои хусусӣ кардани ду манзили истиқоматии давлатӣ 45 ҳазор сомонӣ гирифта, “ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард”.

"Чунончи, Носиров Ф.С. дар давоми соли 2023 аз мақсади шаҳрванд Ю. М. Р. ҷиҳати харидорӣ намудани манзили истиқоматӣ хабардор шуда, ба охирин пешниҳод кард, ки бар ивази маблағи 20000 сомонӣ метавонад аз маҳаллаи 1-ум ва бар ивази маблағи 25000 сомонӣ аз маҳаллаи 2-юми шаҳри Истиқлол манзилҳои истиқоматии давлатиро ба ному насабаш хусусӣ гардонида диҳад. 

Ҳамин тариқ, Носиров Ф.С. бо роҳи фиреб ва истифодаи мақоми хизматиаш дар ду ҳолат аз шаҳрванд У.А.Г. тавассути ҳамсараш Ю.М.Р. маблағи 45000 сомониро гирифта, онро тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф карда ба фоидаи онҳо ягон амалро иҷро накард", – гуфта мешавад дар хабари Оҷонсии фасод.

Ин ниҳод навишт, ки Носиров ду соли охир (аз июли соли 2022 то июли соли 2024) ба ҳайси раиси дастгоҳи шаҳри Истиқлол кор мекард.

Оҷонсии зиддифасод гуфт, Фаррух Носиров  қаблан ду маротиба суд шуда, вале “аз ин ҳолат ба худ хулосаи зарурӣ набаровардааст”.

Раиси шаҳри Истиқлол ҳам гуфт, роҳбари пешини дастгоҳи шаҳр аз ин пеш ду маротиба бо қаллобӣ боздошт шуда, бо қарори додгоҳ бо пардохти ҷарима озод шуда буд.

Маълум нест, ки чӣ гуна ӯ бо доғи судӣ дар дастгоҳ кор кардааст.

Ҳоло ба иттилои Оҷонсии фасоди кишвар нисбати Фаррух Носиров барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Тоҷикистон) паврандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба додгоҳ исрол шудааст.

Назари худи Носиров, наздикон ва вакили дифои ӯ маълум нест.

Ҳоло Кароматулло Аюбов, роҳбари дастгоҳ шаҳри Истиқлол аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...