“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе навори ҷузъиёти ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи ширкати “Як такси” дар шаҳри Душанберо нашр кард. Ҳамла ба ӯ рӯзи 15-уми январ, вақте ки мусофир аз пардохти маблағи роҳкиро худдорӣ кард, рух дод. Гумонбарро баъди чанд моҳ дастгир карданд.

Дар гузорише, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нашр кард, Абдудҷаббор Ғозиев, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ гумонбари ҳодиса нақл мекунад, аз сабаби он ки маблағ надошт, дар ҷавоб ба дархости ронанда барои пардохти ҳаққи хидмат 5 корд ба гардани ӯ зад.

Дар рафти бозпурсӣ боздоштшуда ба ҷинояти худ иқрор шуда, сабаби захмӣ кардани таксистро шарҳ додааст.

“Ман пул надоштам, бинобар ин мехостам гурезам. Барои ин ӯро ба кӯчаи танг овардам, то гурезам. Ӯ дар пеш менишаст, ман дар қафо. Мо суҳбат кардем ва дар ҳамин вақт ман ба дасташ корд задам”, – мегӯяд Ғозиев дар навор.

Дар навор гуфта мешавад, Абдудҷаббор Ғозиев “пас аз анҷом додани ин ҷиноят дар охири моҳи январ барои содир кардани дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуда, ба зиндон фиристода шудааст”. Аз ҳамин сабаб мақомот натавонист, ки ӯро сари вақт боздошт кунад.

Ҳоло нисбат ба Абдудҷаббор Ғозиев барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, нисбати ӯ ҷазо барои дуздӣ ҳам якҷо хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба Зиёвиддин Беков, рӯзи 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе рух дода буд. 

Мақомот ӯро чандин моҳ кофтанд. Пас аз 6 моҳи таҳқиқоти ноком барои дарёфти ӯ 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда карданд. Билохира, охири моҳи июл мақомқот аз боздошти Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ӯ бо кумаки аҳолӣ боздошт гардида, "бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бадастомада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт".

Дар ҳамин ҳол, Зиёвиддин Беков ҳоло табобат мегирад ва ба ҷарроҳии навбатӣ омодагӣ мебинад. То ҳол маълум нест, ки барои барқароршавии комил чанд вақт лозим мешавад, зеро саломатии ӯ осеби ҷиддӣ дидааст. Ӯ биноиро аз даст дода, дасташ фалаҷ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...