Милитсияи Душанбе гумонбари ҳамла ба ронандаи таксиро пайдо кард

Дар натиҷаи коркарди ахбори расида мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе гумонбари ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи таксиро пайдо кард. “Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати «Як таксӣ»-Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор […]

Дар натиҷаи коркарди ахбори расида мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе гумонбари ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи таксиро пайдо кард.

“Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда, боиси ҷароҳат бардоштани ронандаи таксии ширкати «Як таксӣ»-Беков Зиёвиддин гардида буд, ошкор карданд”, – зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Бино ба маълумоти Раёсат, ҷинояти мазкур аз ҷониби Абдуҷаббор Ғозиеви 25-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ содир шудааст.

“Қобили зикр аст, ки номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди н.Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш гумонбаршаванда – Абдуҷаббор Ғозиев пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардид.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо далелҳои зимни коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бадастомада, аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноят пурра исботи худро ёфт.

“Роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе аз эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ ба шаҳрвандон изҳори сипос менамояд”, – илова мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Раёсати ВКД дар пойтахт барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи гумонбари ба ронандаи таксӣ дар Душанбе зараррасонида 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ эълон кард.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар гуфта намешавад, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандони кумак кардаанд ё не.

Сухан аз ҷиноятест, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шудааст. Он замон мусофири кирокаш дар посух ба дархости ронанда Зиёвиддин Беков ҷиҳати пардохти 37 сомонӣ ҳақи сафар, ба ҷисми ӯ панҷ корд задааст.

Ҳамакнун, беш аз 7 моҳ мешавад, ки Зиёвиддин Беков таҳти табобат қарор дорад ва ӯро ҷарроҳии дигар дар пеш аст. Маълум нест, ки барои пурра шифо ёфтани он чӣ қадар вақт лозим аст. Ӯ биноии чашмашро аз даст дода, аз дасташ ҷароҳати вазнин гирифтааст.

Волидайни Зиёвиддин маҷбур шуданд, ки дубора ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ барои барқароршавӣ қарз бигиранд ва намедонанд хароҷоти ҷарроҳиро чӣ гуна мепӯшонанд.

“Ин маблағ танҳо барои барқарорсозии Зиёвиддин сарф мешавад ва то ҳол барои ҷарроҳӣ маблағ нест”, – қаблан гуфта буданд волидони Зиёвиддин.

Пештар аз ин, онҳо ба хотири наҷоти писарашон манзили худро фурӯхта, ҳоло дар як манзили иҷора ба сар мебаранд. Дӯстон, хешу табор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ пештар ба ин оила ёрии моддӣ расонида буданд. Ширкати “Як такси”, ки Зиёвиддин дар он кор мекард, низ кӯмак карда буд ва ҳатто эълон кард, ки барои мусоидат дар боздошти ҷинояткор 30 ҳазор сомонӣ тӯҳфа медиҳад.

Зиёвиддин Беков то ин дам се бор ҷарроҳӣ шуд. Мастура Бекова, модари Зиёвиддин пештар ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буд, ки сарфи назар аз ранҷу азоб ва дард, Зиёвиддин танҳо як хоҳиш дорад – “дарёфти ҷинояткор”.

Онҳое, ки мехоҳанд оилаи Зиёвиддин Бековро дастгирӣ кунанд, метавонанд ба корти Душанбе Сити: 9762000090146266 ё рақами: +(992)000994799 хайрия кунанд.

Барои онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд ва мехоҳанд кумак кунанд, метавонанд ба корти DS: 4713380020521577 ё бо рақами: 404415050 хайрия кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.