Ваъдаи 100 ҳазор сомонӣ барои мусоидат дар боздошти гумонбар ба кордзании ронандаи кирокаш дар Душанбе

Пулиси пойтахт барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи гумонбари ба ронандаи таксӣ дар Душанбе зараррасонида 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кард. “Ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад”, – омадааст дар эълони Раёсати ВКД дар Душанбе. Ин ниҳод гуфтааст, махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда, дар доираи […]

Asia-Plus

Пулиси пойтахт барои дарёфт ва иттилоъ дар бораи гумонбари ба ронандаи таксӣ дар Душанбе зараррасонида 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон кард.

“Ба шахси ба мақомоти милитсия мусоидаткунанда, 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад”, – омадааст дар эълони Раёсати ВКД дар Душанбе.

Ин ниҳод гуфтааст, махфӣ нигоҳ доштани шахсият ва таъмини амнияти шахси мусоидаткунанда, дар доираи талаботи қонунгузории Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

Телефон барои тамос:  2210057, 2222308.

Сухан аз ҷиноятест, ки 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шудааст. Он замон мусофири кирокаш дар посух ба дархости ронанда Зиёвиддин Беков ҷиҳати пардохти 37 сомонӣ ҳақи сафар, ба ҷисми ӯ панҷ корд задааст.

Ҳамакнун, беш аз 7 моҳ мешавад, ки Зиёвиддин Беков таҳти табобат қарор дорад ва ӯро ҷарроҳии дигар дар пеш аст. Маълум нест, ки барои пурра шифо ёфтани он чӣ қадар вақт лозим аст.

Волидайни Зиёвиддин маҷбур шуданд, ки дубора ба маблағи 22 ҳазор сомонӣ барои барқароршавӣ қарз бигиранд ва намедонанд хароҷоти ҷарроҳиро чӣ гуна мепӯшонанд.

“Ин маблағ танҳо барои барқарорсозии Зиёвиддин сарф мешавад ва то ҳол барои ҷарроҳӣ маблағ нест”, – қаблан гуфта буданд волидони Зиёвиддин.

Пештар аз ин, онҳо ба хотири наҷоти писарашон манзили худро фурӯхта, ҳоло дар як манзили иҷора ба сар мебаранд. Дӯстон, хешу табор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ пештар ба ин оила ёрии моддӣ расонида буданд. Ширкати “Як такси”, ки Зиёвиддин дар он кор мекард, низ кӯмак карда буд ва ҳатто эълон кард, ки барои мусоидат дар боздошти ҷинояткор 30 ҳазор сомонӣ тӯҳфа медиҳад.

Онҳое, ки мехоҳанд оилаи Зиёвиддин Бековро дастгирӣ кунанд, метавонанд ба корти шаҳри Душанбе: 9762000090146266 ё рақами: +(992)000994799 хайрия кунанд.

Барои онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд ва мехоҳанд кумак кунанд, метавонанд ба корти DS: 4713380020521577 ё бо рақами: 404415050 хайрия кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.