Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ин сокини 45-солаи ноҳияи Қубодиён аз ҳиссиёти рашк, ки гӯё ҳамсараш бо марди ҳамсоя муносибати маҳрамона дорад, қасд кардааст ҳамсарашро ба қатл расонад.  

Аз Додситонии вилояти Хатлон аз ин мард Собирҷон Муртазоев ном бурданд, ки дар ҳолати мастӣ рӯзи 17 майи соли равон бо корд се маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш задааст.

“Собирҷон Муртазоев аз ҳисиёти рашк гумонбар шудааст, ки занаш Ф.Ш. бо ҳамсояаш Д.С. муносибат дорад. Аз ин хотир дар ҳолати мастӣ корд гирифта, ба хонаи ҳамсояаш рафта ба қафаси синаи занаш се корд мезанад. Д.С кушиш мекунад занро наҷот диҳад, вале Собирҷон Муртазоев ба шиками ӯ ҳам як корд мезанад. Ҳамсояҳо Ф.Ш.-ро бо захми корд ба беморхона интиқол медиҳанд ва табибон ӯро аз марг наҷот медиҳанд”, – гуфтанд аз додситонии вилоят рафти ҳодисаро.

Баъди боз кардани парванда нисбати Муртазоев ва баррасии он аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон, Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 11-уми сентябр ӯро барои сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32) ва одамкушӣ (моддаи 104) гунаҳкор дониста, 16 сол равонаи зиндон кард.

Назари худи Собирҷон Муртазоев, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...