Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд

Ин сокини 45-солаи ноҳияи Қубодиён аз ҳиссиёти рашк, ки гӯё ҳамсараш бо марди ҳамсоя муносибати маҳрамона дорад, қасд кардааст ҳамсарашро ба қатл расонад.   Аз Додситонии вилояти Хатлон аз ин мард Собирҷон Муртазоев ном бурданд, ки дар ҳолати мастӣ рӯзи 17 майи соли равон бо корд се маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш задааст. “Собирҷон Муртазоев аз […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ин сокини 45-солаи ноҳияи Қубодиён аз ҳиссиёти рашк, ки гӯё ҳамсараш бо марди ҳамсоя муносибати маҳрамона дорад, қасд кардааст ҳамсарашро ба қатл расонад.  

Аз Додситонии вилояти Хатлон аз ин мард Собирҷон Муртазоев ном бурданд, ки дар ҳолати мастӣ рӯзи 17 майи соли равон бо корд се маротиба ба қафаси синаи ҳамсараш задааст.

“Собирҷон Муртазоев аз ҳисиёти рашк гумонбар шудааст, ки занаш Ф.Ш. бо ҳамсояаш Д.С. муносибат дорад. Аз ин хотир дар ҳолати мастӣ корд гирифта, ба хонаи ҳамсояаш рафта ба қафаси синаи занаш се корд мезанад. Д.С кушиш мекунад занро наҷот диҳад, вале Собирҷон Муртазоев ба шиками ӯ ҳам як корд мезанад. Ҳамсояҳо Ф.Ш.-ро бо захми корд ба беморхона интиқол медиҳанд ва табибон ӯро аз марг наҷот медиҳанд”, – гуфтанд аз додситонии вилоят рафти ҳодисаро.

Баъди боз кардани парванда нисбати Муртазоев ва баррасии он аз ҷониби додситонии вилояти Хатлон, Додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 11-уми сентябр ӯро барои сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32) ва одамкушӣ (моддаи 104) гунаҳкор дониста, 16 сол равонаи зиндон кард.

Назари худи Собирҷон Муртазоев, вакили дифоъ ва наздиконаш маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.