Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст

Date:

Ду бинои баландошёнаи навсохт дар Душанбе бо амри Дотситонии кишвар тахриб мешаванд.  Дар ин бора пулиси Душанбе дирӯз, 13-уми октябр хабар дода, гуфтааст, ки ин биноҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, соҳиби ин ду бинои навбунёд Азизмуҳаммадзода Ҷамшед сокини 38-солаи Душанбе аст.

Пулис иддаъо кардааст, ки ӯ ғайриқонунӣ аз ин ду бинои худ ба 16 нафар хона фурӯхтааст. Назари худи Ҷамшед ва наздикону пайвандонаш ба ин қазия дастрас нест.

Мақомот низ шарҳи бештаре надодаанд ва маълум нест, ки соҳиби ин ду бино чӣ гуна дар маркази пойтахт бо санадҳои сохта баландошёна бунёд кардааст ва чаро то ин вақт касе ҳуҷҷатҳои онро тафтиш накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...