Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст

Ду бинои баландошёнаи навсохт дар Душанбе бо амри Дотситонии кишвар тахриб мешаванд.  Дар ин бора пулиси Душанбе дирӯз, 13-уми октябр хабар дода, гуфтааст, ки ин биноҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, соҳиби ин ду бинои навбунёд Азизмуҳаммадзода Ҷамшед сокини 38-солаи Душанбе аст. Пулис […]

Asia-Plus

Ду бинои баландошёнаи навсохт дар Душанбе бо амри Дотситонии кишвар тахриб мешаванд.  Дар ин бора пулиси Душанбе дирӯз, 13-уми октябр хабар дода, гуфтааст, ки ин биноҳо дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт худсарона ва бо роҳи сохтакории санадҳо бунёд шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, соҳиби ин ду бинои навбунёд Азизмуҳаммадзода Ҷамшед сокини 38-солаи Душанбе аст.

Пулис иддаъо кардааст, ки ӯ ғайриқонунӣ аз ин ду бинои худ ба 16 нафар хона фурӯхтааст. Назари худи Ҷамшед ва наздикону пайвандонаш ба ин қазия дастрас нест.

Мақомот низ шарҳи бештаре надодаанд ва маълум нест, ки соҳиби ин ду бино чӣ гуна дар маркази пойтахт бо санадҳои сохта баландошёна бунёд кардааст ва чаро то ин вақт касе ҳуҷҷатҳои онро тафтиш накардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.