Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?

Акнун ҷашну маросимро метавон онлайн, тавассути сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта, тавсиянома гирифт. Дар ин бора Кумитаи мазкур тариқи ирсоли паёмак (СМС) ба телефонҳои мобилӣ хабар додааст. Дар ин Кумита ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ин иқдом аз оғози соли 2024 ҷорӣ шуда, барои осон кардани раванди бақайдгирӣ пешбинӣ […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Акнун ҷашну маросимро метавон онлайн, тавассути сомонаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта, тавсиянома гирифт.

Дар ин бора Кумитаи мазкур тариқи ирсоли паёмак (СМС) ба телефонҳои мобилӣ хабар додааст.

Дар ин Кумита ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ин иқдом аз оғози соли 2024 ҷорӣ шуда, барои осон кардани раванди бақайдгирӣ пешбинӣ шудааст.

“Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ташриф наоварда, маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон аст”, – илова карданд дар Кумита.

Иҷозатномаи электрониро метавон дар сомонаи www.tanzim.tj сабтином карда, ба даст овард. “Азия-Плюс” раванди кори сомонаро санҷид.

Ҳангоми ворид шудан ба сомонаи номбурда ду тугма – “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” ва “бақайдгирии маросими азодорӣ”, пайдо мешаванд. Ҳангоми пахши тугмаи “бақайдгирии тӯйи домодиву арӯсӣ” равзана барои ворид кардани маълумот боз мешавад.

Дар ин равзана мебояд намуди чорабинӣ – тӯйи арӯсӣ ё домодӣ, намуди маърака – оши тӯй ё зиёфат, маълумоти шахсӣ, аз қабили ному насаби арӯсу домод, шаҳрвандӣ, суроға ва рақамҳои телефон, суроға ва вақту санаи баргузории чорабинӣ ва ҳатто забҳ кардан ё накардани чорворо ишора карда, нусхаҳои шиноснома ва маълумотнома аз САҲШ-ро оид ба аризаи қайди никоҳ боргузорӣ намудан лозим аст.

Бо ҳамин дархости шумо барои баррасӣ қабул шуда, дар ҳолати маъқул донистани он, ба шумо иҷозатномаи электронӣ фиристода мешавад.

Тартиби бақайдгирии маросими азодорӣ низ ҳамингуна аст, танҳо ҳуҷҷатҳои лозима фарқ мекунанд.

Бояд гуфт, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросим” барои баргузории ҷашну маросим дастрас кардани иҷозаи расмии мақомот ҳатмӣ аст ва дар сурати ғайр, муҷозот пешбинӣ гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.