Раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, аломатгузории марз бо Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист

Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки корҳо оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбист. Ба навиштаи хабаргузории kaktus.media, Ташиев дар ин бора зимни конфронсе дар шаҳри Ботканд изҳори назар кардааст. “Дар ояндаи наздик, Худо хоҳад, мо ниҳоят масъалаи марзро бо ҳамсояҳо ҳал хоҳем кард. Дигар номуайянӣ нахоҳад буд – […]

Asia-Plus

Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, ки корҳо оид ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар арафаи анҷомёбист.

Ба навиштаи хабаргузории kaktus.media, Ташиев дар ин бора зимни конфронсе дар шаҳри Ботканд изҳори назар кардааст.

“Дар ояндаи наздик, Худо хоҳад, мо ниҳоят масъалаи марзро бо ҳамсояҳо ҳал хоҳем кард. Дигар номуайянӣ нахоҳад буд – ин замини кист ва он чӣ аст. Ҳама чиз дар чаҳорчӯби қонун ҳал мешавад, ки чӣ мешавад ва ин ба мо имкон медиҳад, заминамонро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем. Ин ҳам муваффақияти мо аст”, -гуфтааст ӯ.

Аммо Ташиев санаи мушаххасеро зикр накардааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба ин хабар изҳори назар накардааст.

Бояд гуфт, тайи қариб як соли охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин, дар моҳҳои август ва сентябри соли ҷорӣ низ ҷонибҳо чанд маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.

Охири моҳи август Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба “марҳилаи ниҳоӣ”-и баҳси марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфт, аммо санаи мушаххасро зикр накард. Ҳарчанд қаблан гуфта буд, ки то моҳи марти соли 2024 баҳси марзӣ ниҳоӣ мешавад.

Қаблан, охири моҳи июл, дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода хабар дода буд, ки 94% марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон пурра муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад.  Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.