Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров фармонеро дар бораи чораҳои татбиқи қонун “Дар бораи дафн ва маросими дафн” имзо кард, ки дар асоси он насби ёдгориҳо дар қабристонҳои мусулмонон манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, президенти Қирғизистон бо имзои ин фармон аз Идораи мусулмонони Қирғизистон хостааст, ки дар ин робита фатво (қарор) бароранд.

Гуфта мешавад, ки ин фатво насб кардани муҷассамаҳо, гузоштани сангҳои мармар, сохтани панҷараҳо ва дигар анвои ёдгориҳоро манъ мекунад.

Аммо барои қабрҳои дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ин қарор метавонад истисно карда шавад.

Жапаров қаблан ҳам дар ин робита ибрози андеша карда ва гуфта буд, ки “мувофиқи шариат барои мусулмон насб кардани сангҳои қиматбаҳо ва гузоштани аксҳо дар қабр, иҳота кардани он бо панҷараҳои оҳанӣ, истифодаи семент ва бетон манъ аст”.

“Чунин одатҳо ба мурда кӯмак намерасонанд. Баръакс, истифодаи маводи сӯхт ва сохтани бомҳо болои қабр ба рӯҳи мурда азоб меоранд”, – таъкид карда буд Содир Жапаров дар мусоҳибааш бо “Кабар”.

Акнун ӯ аз ҳамватанони худ хостааст, ки насби ёдгориҳои сангинро дар қабристонҳо қатъ кунанд.

“Ман парво надорам, ки баъзе сиёсатмадорон чӣ мегӯянд. Барои гиромидошти хотираи мурдагон, ҳар рӯз дар хона барои онҳо Қуръон хондан ё ҳатто агар шумо дур бошед, онҳоро ёд кардан мумкин аст. Ин кофист. Он гоҳ мурдагон хушҳол хоҳанд буд. Насби ёдгориҳои металлӣ ё мақбараҳои дуошёна анъанаи мо нест”, – мегӯяд Жапаров.

Тибқи ин фармон, ёдгориҳои болои қабр ва панҷараҳо бояд аз маводи чӯбӣ сохта шаванд ва аз 0,7 метр баландтар набошанд. Ба ақидаи раиси ҷумҳури Қирғизистон, чунин чораҳо ба пешгирии исрофкорӣ ҳангоми сохтани ёдгориҳои болои қабр мусоидат мекунанд.

Идораи мусулмонони Қирғизистон ба Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои динӣ, намояндагони ваколатдори президент дар вилоятҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва якчанд сохторҳои дигар супориш додааст, ки дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои дафни мурдагон кори доимии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...