Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров фармонеро дар бораи чораҳои татбиқи қонун “Дар бораи дафн ва маросими дафн” имзо кард, ки дар асоси он насби ёдгориҳо дар қабристонҳои мусулмонон манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, президенти Қирғизистон бо имзои ин фармон аз Идораи мусулмонони Қирғизистон хостааст, ки дар ин […]

Asia-Plus

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров фармонеро дар бораи чораҳои татбиқи қонун “Дар бораи дафн ва маросими дафн” имзо кард, ки дар асоси он насби ёдгориҳо дар қабристонҳои мусулмонон манъ мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии президенти Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, президенти Қирғизистон бо имзои ин фармон аз Идораи мусулмонони Қирғизистон хостааст, ки дар ин робита фатво (қарор) бароранд.

Гуфта мешавад, ки ин фатво насб кардани муҷассамаҳо, гузоштани сангҳои мармар, сохтани панҷараҳо ва дигар анвои ёдгориҳоро манъ мекунад.

Аммо барои қабрҳои дорои аҳамияти таърихӣ-фарҳангӣ ин қарор метавонад истисно карда шавад.

Жапаров қаблан ҳам дар ин робита ибрози андеша карда ва гуфта буд, ки “мувофиқи шариат барои мусулмон насб кардани сангҳои қиматбаҳо ва гузоштани аксҳо дар қабр, иҳота кардани он бо панҷараҳои оҳанӣ, истифодаи семент ва бетон манъ аст”.

“Чунин одатҳо ба мурда кӯмак намерасонанд. Баръакс, истифодаи маводи сӯхт ва сохтани бомҳо болои қабр ба рӯҳи мурда азоб меоранд”, – таъкид карда буд Содир Жапаров дар мусоҳибааш бо “Кабар”.

Акнун ӯ аз ҳамватанони худ хостааст, ки насби ёдгориҳои сангинро дар қабристонҳо қатъ кунанд.

“Ман парво надорам, ки баъзе сиёсатмадорон чӣ мегӯянд. Барои гиромидошти хотираи мурдагон, ҳар рӯз дар хона барои онҳо Қуръон хондан ё ҳатто агар шумо дур бошед, онҳоро ёд кардан мумкин аст. Ин кофист. Он гоҳ мурдагон хушҳол хоҳанд буд. Насби ёдгориҳои металлӣ ё мақбараҳои дуошёна анъанаи мо нест”, – мегӯяд Жапаров.

Тибқи ин фармон, ёдгориҳои болои қабр ва панҷараҳо бояд аз маводи чӯбӣ сохта шаванд ва аз 0,7 метр баландтар набошанд. Ба ақидаи раиси ҷумҳури Қирғизистон, чунин чораҳо ба пешгирии исрофкорӣ ҳангоми сохтани ёдгориҳои болои қабр мусоидат мекунанд.

Идораи мусулмонони Қирғизистон ба Комиссияи давлатӣ оид ба корҳои динӣ, намояндагони ваколатдори президент дар вилоятҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият ва якчанд сохторҳои дигар супориш додааст, ки дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои дафни мурдагон кори доимии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.