120 доллар не, балки 137 доллар. Нархи раводиди Туркия чанд пул аст?

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Чанде пеш “Азия-Плюс” дар бораи Маркази раводиди Туркия мавод нашр карда, дар он доир ба тарзи кори он ва арзиши хидматрасониҳои Марказ муфассал маълумот дод.

Бархе аз хонандагон ин маълумотро зери шубҳа гузошта, зикр карданд, ки нархҳои дар мавод овардашуда ва нархҳо дар худи Марказ якхела нестанд. Кӯшиш менкунем, ки сабабашро шарҳ диҳем.

“Азия-Плюс”, мардумро ба гумроҳӣ наандозед Нархи раводид на 120 доллар, балки 137 ва VIР – 211 доллар аст. Дар Маркази раводид рӯйи миз лавҳае маҳз бо ҳамин нархҳо гузошта шудааст. Дар натиҷа, ҳамроҳ бо арзиши худи раводид нарх 197 доллар (7 рӯз) ё 227 доллар (3-4 рӯз) мешавад”, – навиштааст яке аз корбарон дар шарҳи мавод дар бораи Маркази раводид.

Дар сомонаи Марказ арзиши раводид ба ҳар кадоме аз навъҳои он 137 доллар зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти сафорат, арзиши раводиди яккарата барои вуруд ба Туркия 60 доллар ва чандкарата – 190 доллар муқаррар шудааст. Пардохти ҷудогона барои хидматрасониҳои марказ (қабули ҳуҷҷатҳо, пур кардани анкетаҳо ва ғайра) 120 доллар + ААИ-ро ташкил медиҳад.

Тавре ки хабар доданд, маблағи 137 доллар аз хидматрасониҳои Марказ (120 доллар) ва иловаи Андоз аз арзиши иловашуда ё худ ААИ (17 доллар) иборат аст. Аз ин рӯ, он 137 долларро ташкил медиҳед (дар мавод ҳам чунин зикр шуда буд).

Ёдрас мекунем, ки ба ин маблағ ҳамчунин суғуртаи сайёҳӣ низ дохил мешавад.

Дар сафорат хабар доданд, ки ин маблағ (120 доллар) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Тоҷикистон муқаррар шудааст. Дар ин ҷо инчунин принсипи мутақобила амал мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...