Дар Тоҷикистон ҳифзи тутзорҳо пурзӯр карда мешавад

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки тибқи он ҷаримаҳо барои зарар ба дарахтони тут зиёд карда мешаванд. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (КҲМ) дар ин бора тағйироти мувофиқ ворид мешавад. Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз вакилони парлумон дархост кардааст, ки лоиҳаи тағйиротро дастгирӣ намоянд. «Ин иловаҳо аз як тараф […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки тибқи он ҷаримаҳо барои зарар ба дарахтони тут зиёд карда мешаванд. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ (КҲМ) дар ин бора тағйироти мувофиқ ворид мешавад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аз вакилони парлумон дархост кардааст, ки лоиҳаи тағйиротро дастгирӣ намоянд.

«Ин иловаҳо аз як тараф ба таҳкими ҳифзи муҳити зист ва аз тарафи дигар, ба ҳифзи дарахтони тут, ки ҳамчун манбаи хӯрок барои кирмаки пилла истифода мешаванд, равона шудаанд», – таъкид намуд ӯ.

Айни замон, тибқи КҲМ ҶТ, барои зарар расонидан ба киштзорҳо, нобуд кардани ҳосили ҷамъовардаи зироатҳои кишоварзӣ, осеб расонидан ба тутзорҳо, ҷангалҳои муҳофизатӣ, дарахтони мевадиҳанда ва дигар дарахтҳо барои шахсони воқеӣ аз 3 то 5 ва барои шахсони мансабдор – аз 7 то 10 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима муқаррар шудааст.

То кадом андоза ҷаримаҳо зиёд мешаванд, баъди қабули тағйирот ба Кодекс маълум хоҳад шуд.

Маҳсулоти муҳим барои саноат ва экология

Ба гуфтаи коршиносон, яке аз сабабҳои пурзӯр кардани ҳифзи тутзорҳо нобуд шудани онҳо дар солҳои пешин мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дар соли 2021 сохторҳо ва мақомоти дахлдорро даъват кард, ки кирмакпарвариро рушд диҳанд ва ҷойҳои нави корӣ, бахусус барои занон ва духтарон фароҳам оранд. Ӯ супориш дод, ки дар давоми 10 сол заминҳои тутзор аз пардохти андози ягонаи замин пурра озод карда шуда, коркарди пилла оғоз шавад.

Дар зарфи 30 соли охир дар Точикистон истехсоли пиллаи кирмак кариб 12 баробар кам шуд. Тибқи омор, соли 1991 дар Тоҷикистон 4528 тонна пилла истеҳсол шудааст. Дар зарфи 8 моҳи соли 2024 бошад, тибқи маълумоти пешакии Агентӣ, ҳосил ҳамагӣ 361 тоннаро ташкил додааст.

Мутахассисони “Пиллаи тоҷик” сабаби иҷро нашудани барномаро ба камшавии тутзорҳо марбут медонанд. Бо сабаби беназоратӣ солҳои охир бисьёр дарахтони тут, ки дар гирду атрофи майдонҳо ва қад-қади роҳҳо сабзида буданд, решакан шуданд.

Як қисми тутзори ба дасти шахсони алоҳида гузаштаро решакан карда, ҳамчун ҳезум фурӯхтанд. Мақомоти маҳаллӣ барои бунёди тутзорҳои нав замин ҷудо накардаанд ё қитъаҳое ҷудо шуданд, ки дар онҳо парвариши тут ва гирифтани ҳосили хуб аз он ғайриимкон аст.

Мувофиқи барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла, Тоҷикистон рушди устувори соҳаро дар нақша дошта, ният дорад, ки то соли 2027 ҳаҷми истеҳсоли пилларо то 1867 тонна расонад. Бо ин мақсад шинонидани зиёда аз 4,3 млн ниҳоли тут пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти оморӣ, майдони умумии тутзор дар Тоҷикистон ҳудуди 5,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Илова бар аҳаммият дар хоҷагӣ, дарахтони тут барои ҳифзи муҳити зист хеле муфиданд. Онҳо эрозия (бодлес шудан)-и заминро пешгирӣ карда, ба паҳншавии тӯфонҳои чанг монеъ ва меваҳояшон ҳамчун ғизо ва дору истифода мешаванд.

Пурзӯр кардани назорат барои ҳифзи майдонҳои тут ва васеъ намудани онҳо ба рушди кирмакпарварӣ, ҳифзи муҳити зист ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.