Аз наттоқ то журналисти касбӣ. Аз марги нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова як сол гузашт

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ассалому алейкум, тамошобинони азиз! Студияи телевизиони Сталинобод барномаи аввалини худро оғоз мекунад”. Бо садо додани ин ҷумлаи таърихӣ аз забони Рафоат Абдусаломова 3-юми октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистон пахш гардид. Аз он лаҳза 65 сол сипарӣ шуд, аммо симои зебову овози ҷаззоби Рафоат Абдусаломова ҳамоно дар хотири аксари насли калонсоли кишвар нақш бастааст. Ин насл телевизионро якҷо бо ин бонуи сухан шинохтанд. Вале соле пеш, 24-уми октябри соли 2023, дар синни 84-солагӣ риштаи умри аввалин наттоқи Телевизиони Тоҷикистон канда шуд.

 

“Майдони балоғат”-и Ҳусейнзода ба ӯ майдон кушод

Бахтиёр Муртазо, адиб ва публисисти тоҷик, ки бо Рафоат Абдусаломова дар як гурӯҳ дар донишгоҳ таҳсил кардааст, аз ин шарикдарсаш ёд оварда, аз маҳорату истеъдод ва талошҳои ӯ гуфт.

“Дар шуъбаи филологияи тоҷик аз ҳама дарси душвор “назмшиносӣ” буд, ки устод Шарифҷон Ҳусейнзода, профессор ва адабиётшинос моро сабақ медоданд. Устод Ҳусейнзода ин дарсро “майдони балоғат” меномиданд. Дар ҳоле ки бисёр шарикдарсони мо ҳатто донишгоҳро партофта рафтанд, Рафоат Абдусаломова дар дарку омӯзиши ин фан маҳорати хуб дошт”, – мегӯяд ӯ.

Бахтиёр Муртазо инро баёнгари муҳаббати Абдусаломова ба адабиёт ва шеър, ҳамзамон истеъдоду маҳорати азхудкунии ӯ тафсир кард. Бахусус, илми арӯзро, ки ба андешаи ӯ ҳалқаи забони одамро боз мекунад ва дар ташаккули маҳорати суханварӣ саҳми зиёд дорад, Рафоат ба андозаи кофӣ омӯхта будааст.

Ташкилёбии Телевизиони Тоҷикистон, ки ба замони соли дуюми таҳсили Рафоат Абдусаломова рост меояд, дар ҳаёти ин духтараки он замон бехабар аз ояндааш, саҳифаи наверо боз мекунад. Бо мақсади дарёфти наттоқи беҳтарин барои Телевизиони Тоҷикистон озмун эълон мешавад ва Рафоат Абдусаломова низ сабқат меварзад.

“Мо намедонистем, ки Рафоати мо дар сабқати наттоқон иштирок мекунад. Баъди чанд муддат овоза шуд, ки телевизиони тоҷик ба фаъолият шуруъ мекунад ва ҳамаи мо ҳамкурсон, ки дар хобгоҳ мезистем, назди телевизион ҷамъ шудем ва вақте нахустин шуда Рафоат дар саҳнаи телевизион баромада сухан кард, ҳама моту маҳбут шудем”, – мегӯяд Бахтиёр Муртазо.

 

Аз наттоқ то рӯзноманигори касбӣ

Рафоат Абдусаломова 45 соли ҳаёти худро ба телевизион бахшид. Аз соли 1959 дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор кард. Барномаи телевизионии “Дугонаҳо” аз маъруфтарин барномаҳои муаллифии ӯ буд. Ҳамчун рӯзноманигор инчунин дар таҳияи барномаҳои “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” саҳм гузоштааст.

Солҳои зиёд гӯяндаи барномаҳои вижа барои телевизиони Маскав ва ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ буд.

Зафар Аскар, ки ташаккул ва рушди Телевизиони Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, Рафоат Абдусаломоваро дар таърихи телевизион шахсияти мондагор номид.

СПРАВКА ПО ТЕМЕ


Рафоат Абдусаломова 10.03.1939 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 факултети филологияи тоҷики ДДТ-ро хатм кард. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст. Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст. Ин наттоқи тоҷик субҳи 24-уми октябри соли 2023 дар синни 84 олами фониро тарк гуфт.

“Яке аз махсусиятҳои Абдусаломова дар он аст, ки ӯ дар муҳити телевизион ба камол расид ва аз як наттоқи одӣ ба як журналисти касбӣ ва симои барҷастаи телевизион табдил ёфт. Бисёр наттоқон як давраи муайян наттоқӣ мекунанду бо мурури замон аз телевизион мераванд, вале Абдусаломова то охири фаъолияташ, яъне то замони ба нафақа рафтан робитаи худро аз телевизион наканд”, – мегӯяд Зафар Аскар.

 

Мехост ёддошт нависад

Рафоат Абдусаломова баъди 45 соли фаъолият дар телевизион ба нафақа баромад, вале ягон лаҳза бекор набудааст. Китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” маҳсули фаъолияти тӯлонии ӯст, ки таърих ва саҳифаҳои рангини телевизиони тоҷикро инъикос мекунанд.

Истеъдоди дигаре, ки дар солҳои охири зиндагиаш аз он ҷомеа огоҳ гардид, шеърнависии ӯст. Китоби “Парвози дил” маҷмӯаест, ки чакидаҳои қалами Рафоат Абдусаломоваро фаро гирифтааст.

“Ман аз даврони донишҷӯйӣ шеъру ҳикоя менавиштам, вале ҷуръат намекардам, ки онҳоро нашр кунам. Солҳои охир чанде аз он шеърҳоро дар саҳифаи “Фейсбук” гузоштам ва мардум хуш қабул карданд. Ҳамин тавр, мусаввадаи шеърҳоямро ба назди дугонаи айёми донишҷӯиям, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса бурдам. Ӯ шеърҳоямро хонда сарсухан навишт ва ҳамин тавр, китоби “Парвози дил” чоп шуд”,- гуфтааст дар яке аз мусоҳибаҳо ин наттоқи тоҷик.

Солҳои вопасини зиндагиаш ӯ ба навиштани китоби хотира машғул буд ва азм дошт, ки аз рӯзгори дӯстону ҳамкорон қисса кунад. Вале маълум нест, ки ӯ ин мақсади худро амалӣ кард ё на.

Даргузашти Рафоат Абдусаломова,  ки дар парвариши насли нави наттоқони телевизион саҳм дошт, талафоти бузург дониста мешавад. Даргузашти ӯро дӯстонаш ба моли таърих табдил ёфтани як давраи муҳими телевизиони тоҷик унвон мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...