Посух ба ҳамлаи маргбор дар Анқара. Туркия ба қаламрави Ироқу Сурия зарба зад

Дар пайи ҳамла ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар шаҳри Анқара, ки боиси марги 5 нафар ва захмӣ шудани 22 нафар гардид, Туркия ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон ё “PKK” дар шимоли Ироқ ва Сурия ҳамла кард. Дар ин бора BBC хабар медиҳад. Вазорати дифои Туркия рӯзи 23 октябр дар баёнияе эълон кард, […]

Дар пайи ҳамла ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар шаҳри Анқара, ки боиси марги 5 нафар ва захмӣ шудани 22 нафар гардид, Туркия ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон ё “PKK” дар шимоли Ироқ ва Сурия ҳамла кард. Дар ин бора BBC хабар медиҳад.

Вазорати дифои Туркия рӯзи 23 октябр дар баёнияе эълон кард, ки нерӯҳояш ба пойгоҳҳои вобаста ба ниманизомиёни Ҳизби коргарони Курдистон дар Ироқ ва Сурия ҳамла карданд.

Туркия Ҳизби коргарони Курдистонро масъули эҳтимолии ҳамла ба ширкати саноатӣ дар Анкара медонад. Фаъолияти ин ҳизб дар Туркия манъ аст.

Дар баёнияи Вазорати дифои Туркия омадааст, ки як амалиёти ҳавоӣ алайҳи “пойгоҳҳои террористҳо” дар шимоли Ироқ ва Сурия анҷом шуд ва дар умум 32 ҳадафи вобаста ба “террористҳо” бомуваффақия аз байн бурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 23-юми октябр, ба ширкати ҳавонавардӣ ва кайҳоннавардии Turkish Aerospace дар шаҳри Анқара ҳамла сурат гирифт ва дар пайи он ҳадди ақал 5 нафар ҳалок ва 22 нафар захмӣ шуданд.

Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса паҳн гардид, дида мешавад, ки чанд нафар ба сӯйи одамон тир мекушоянд. Чеҳраи баъзе ҳавлаварон дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст.

Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Ерликая гуфт, ки ду ҳамлагар, як мард ва як зан кушта шудаанд. Ангезаи ҳамла ва ҳувияти ҳамлаварон то ҳол маълум нест.

Мақомоти Туркия дар ташкили ҳамла ҷудоихоҳони курдро гумонбар медонанд. Алӣ Ерликая гуфт, эҳтимол дар ин кор Ҳизби коргарони Курдистон, ки дар Туркия мамнӯъ аст, даст дошта бошад. Аммо ҳеҷ далеле пешниҳод накард.

Ҳизби коргарони Курдистон ҳам то ҳол ҳодисаро шарҳ надодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.