Баландтарин торти миллиро кӣ хӯрд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Торте, ки 200 кило вазн, 2,10 метр баландӣ дошт ва дар бахши “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузошт бахшида ба ҷашни Меҳргон омода ва тақдим гардида буд. Пас аз баргузории ҷашн, ин торт куҷо шуд?

Бо ин суол ба ниҳодҳои масъули баргузории ҷашни Меҳргон муроҷиат кардем. Вале масъулин гуфтанд, мо низ намедонем, ки он торт куҷо шуд.

Аммо дар наворҳое, ки дастрасӣ мо шуд, дида мешавад, ки тортро ба мардум тақсим мекунанд.

Чанд нафаре, ки рӯзи 20-уми октябр дар ҷашни Меҳргон ҳузур доштанд, гуфтанд, тортро баъди лаҳзаи дидан кардани меҳмонон ба мардум тақсим карданд.

“Аввал ба кӯдакон ва баъд бо тартиби муайян ба ҳама бурида доданд. Ҳар касеро дар он гирду атроф медидем, торт мехӯрд”, – гуфт яке аз шоҳидон.

Бояд гуфт, ин торт аз ҷониби 15 қаннод аз Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон омода шуда, барои пухтани он  160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд, тақрибан 30 литр афшура лозим шудааст. Он бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки 20-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, омода шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...