Баландтарин торти миллиро кӣ хӯрд?

Торте, ки 200 кило вазн, 2,10 метр баландӣ дошт ва дар бахши “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузошт бахшида ба ҷашни Меҳргон омода ва тақдим гардида буд. Пас аз баргузории ҷашн, ин торт куҷо шуд? Бо ин суол ба ниҳодҳои масъули баргузории ҷашни Меҳргон муроҷиат кардем. Вале масъулин гуфтанд, мо низ намедонем, ки […]

Торте, ки 200 кило вазн, 2,10 метр баландӣ дошт ва дар бахши “Торти баландтарин дар мавзӯи миллӣ” рекорди ҷаҳонӣ гузошт бахшида ба ҷашни Меҳргон омода ва тақдим гардида буд. Пас аз баргузории ҷашн, ин торт куҷо шуд?

Бо ин суол ба ниҳодҳои масъули баргузории ҷашни Меҳргон муроҷиат кардем. Вале масъулин гуфтанд, мо низ намедонем, ки он торт куҷо шуд.

Аммо дар наворҳое, ки дастрасӣ мо шуд, дида мешавад, ки тортро ба мардум тақсим мекунанд.

Чанд нафаре, ки рӯзи 20-уми октябр дар ҷашни Меҳргон ҳузур доштанд, гуфтанд, тортро баъди лаҳзаи дидан кардани меҳмонон ба мардум тақсим карданд.

“Аввал ба кӯдакон ва баъд бо тартиби муайян ба ҳама бурида доданд. Ҳар касеро дар он гирду атроф медидем, торт мехӯрд”, – гуфт яке аз шоҳидон.

Бояд гуфт, ин торт аз ҷониби 15 қаннод аз Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон омода шуда, барои пухтани он  160 дона тухм, 25 кг шакар, тақрибан 45 кг хамираи шакарӣ, якчанд килограмм орд, тақрибан 30 литр афшура лозим шудааст. Он бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки 20-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, омода шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.