Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА: чӣ тағйир ёфт?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи дастаҳои мунтахаби кишварҳоро нашр кард. Мувофиқи маълумоти нашршуда, мавқеи мунтахаби Тоҷикистон ду зина поин рафта, акнун бо 1196.98 балл  мақоми 105-умро касб кардааст (қаблан дар зинаи 103-юм қарор дошт).

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон дар зинаи аввал (58-ум), Қирғизистон – мақоми дуюм (103-юм), Тоҷикистон – дар зинаи 3-юм (105-ум), Қазоқистон дар мақоми 4-ум (107-ум) ва Туркманистон – дар зинаи 5-ум (144-ум) ҷой гирифтаанд.

Дар ҳисоби умумӣ радабандии ФИФА 120 дастаи мунтахабро дар бар мегирад. Дар 5 зинаи аввал мунтахабҳои  Аргентина (1883,5 балл), Фаронса (1859,8), Испания (1844,3), Англия (1807,8) ва Бразилия (1784,4) қарор доранд.

Байни мунтахабҳои қораи Осиё Тоҷикистон зинаи 18-умро касб карда, пешсафон дар ин ҷо Ҷопон (зинаи 15-ум), Эрон (19), Кореяи Ҷанубӣ (22), Австралия (24), Қатар (46), Ироқ (56), Ӯзбекистон (58), Арабистони Саудӣ (59), Урдун (64) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (68) мебошанд.

Даҳгонаи аввал (ТОП-10) дар радабандии ФИФА: 1 (1). Аргентина — 1883.5; 2 (2). Фаронса — 1859.85; 3 (3). Испания — 1844.33; 4 (4). Англия — 1807.83; 5 (5). Бразилия — 1784.37; 6 (6). Белгия — 1761.27; 7 (8). Португалия — 1752.68; 8 (7). Нидерланд — 1748.24; 9 (10). Италия — 1729.4. 10 (9). Колумбия — 1724.37.

Кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР): 25 (24). Украина — 1552.37; 34 (34). Русия — 1508.73; 58 (60). Ӯзбекистон — 1429.26; 67 (66). Гурҷистон — 1365.56; 97 (97). Беларус — 1231.1; 99 (96). Арманистон — 1222.74; 103 (106). Қирғизистон — 1207.08; 105 (103). Тоҷикистон — 1196.98; 107 (109). Қазоқистон — 1186.46; 118 (113). Озарбойҷон — 1161.8; 124 (122). Эстония — 1145.52; 137 (137). Латвия — 1093.82; 141 (139). Литва — 1082.36; 144 (142). Туркманистон — 1065.42; 150 (149). Молдова — 1040.83.

Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2024 – зинаи 99-ум пас аз ҳунарнамоии муваффақона дар давраи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар ба қайд гирифта шудааст. Беҳтарин нишондиҳандаи дуюми Тоҷикистон дар радабандии дастаҳои мунтахаб – зинаи 106-ум дар моҳи июли соли 2013 мебошад, ки дар ин сол мунтахаби кишвар 40 зина боло рафта буд.

Бадтарин натиҷаи Тоҷикистон дар радабандии ФИФА дар соли 2003-юм – зинаи 180-ум мебошад. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм – зинаи 168-ум байни 207 даста сабт шуда буд.

Бозиҳои наздиктарини мунтахаби Тоҷикистон дар рӯзҳои моҳи ноябри ФИФА баргузор мешаванд. Дар Душанбе байни дастаҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Непал бозиҳои дӯстона баргузор мешаванд.

Футболбозони тоҷик рӯзи 13 ноябр бо тими Непал ва 19 ноябр – бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунанд. Рӯзи 16 ноябр дар Душанбе бозӣ байни тимҳои Непал ва Афғонистон доир мегардад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...