Шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз зиндони Липетск фирор карда буд, боздошт гардид

Asia-Plus

Даврон Ҷабборов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз муассисаи ислоҳии Липетски Русия фирор карда буд, дар ҳудуди деҳаи Улусарки ноҳияи Задонски вилояти Липетск боздошт шудааст. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Хабари фирори 6 маҳбус аз муассисаи ислоҳӣ дар Липетск субҳи 26 октябр расонаӣ гардид. Панҷ нафари онҳо зодагони Ӯзбекистон ва якеашон шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Ин афрод бо иттиҳоми таҷовуз ба номус, қочоқи маводи мухаддир ва ғорат зиндонӣ шуда будаанд.

Шабакаҳои Телеграми Mash ва Shot, пойгоҳҳои наздик ба мақомоти Русия, бидуни эълони натиҷаи санҷиши пешакии мақомот, хабар доданд, ки ташаббускори фирор шояд шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

Даврон Ҷабборови 27-сола соли 2022 бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва ғорат ба 6 соли зиндон маҳкум шуда, моҳи июли соли гузашта аз Серпухов ба муассисаи ислоҳии Липетск интиқол ёфта будааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Лента.ру” гуфтааст, фирори зиндониён рӯзи 25 октябр ошкор шуда, ҳангоми азназаргузаронии қаламрав нозирон ҷойи кофтаро дида, ҳозиру ғойиб будани маҳбусонро санҷидаанд ва маълум шудааст, ки 6 нафар нестанд.

 

Ним сол нақби 65-метра кандаанд

Ба иттилои манбаъ, маҳбусон беш аз шаш моҳ нақшаи фирорро тарҳрезӣ карда, нақб кандаанд, ки дарозии умумии он тақрибан 65 метр аст. Ин нақб аз минтақаи саноатии муассиса оғоз шуда, дар он ҷо маҳбусон бо коркарди чӯб машғул буданд. Барои пинҳон доштани даромадгоҳи нақб онҳо онро бо тахтаҳо ва хасу хошок пӯшонда, хоки кандаро ба ҳар ҷо мепошидаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, онҳо барои он ба гурехтан даст задаанд, ки ҷазои худро беҳад сахт медонистаанд.

Дар Раёсати минтақавии Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) хабар додаанд, ки дар муассиса тафтиши хидматӣ гузаронида шуда, омилҳои фирор таҳқиқ мешаванд. Муфаттишон ба он таваҷҷуҳ доранд, ки кӣ ба маҳбусон бел барои кофтан додаасту чаро онҳо дар дурбинҳо наафтодаанд ва хоки заминро куҷо мебурдаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Лента.ру”дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаи ислоҳии 2-юми Липетск соли 1962 сохта шуда, раҳбарияти ФСИН ҳолати онро хуб арзёбӣ мекарданд. Дар он минтақаи саноатии калон ҳаст, ки маҳбусон маснуоти оҳаниву бетонӣ истеҳсол карда, ба коркарди металл ва дӯзандагӣ машғул буданд.

Мехостанд то ватан расанд

Айни замон аз 6 нафари фироркарда 5 нафарашон боздошт шудаанд. Се тан аз онҳоро дар вилояти Липетск ва ду нафарро – дар вилояти Тамбов боздошт намуда, ҷустуҷӯи як нафари дигар идома дорад.

Пас аз гурехтан маҳбусон тақсим шуда, либосҳои варзишӣ ба бар кардаанд.

Намояндаи расмии ВКД Ирина Волк дар бораи нақшаҳои фирориён маълумот додааст. Ӯ зикр кардааст, ки ду тан аз фирориён ният доштаанд, ки то вилояти Маскав ва боз се нафарашон – то сарҳад бо Қазоқистон расанд. Онҳо мехостаанд сарҳадро убур карда, ба Ӯзбекистон раванд.

Якез аз маҳбусон муқовимат нишон дода, аз ӯ корд мусодира шудааст. Муқобили ӯ аз силоҳ истифода шуда, айни замон ӯ бо захм аз силоҳи оташфишон дар бемористон қарор дорад. Боз дар бораи захмӣ шудани кадоме аз боздоштшудагон хабар дода намешавад.

Маҳбусони фирориро чӣ интизор аст?

Ҳуқуқшинос Оскар Черҷиев ба MSK1.RU дар ин робита изҳор намудааст, ки тибқи қонунгузории Русия (моддаи 315 Кодекси ҷиноии ФР), онҳо метавонад ба муҳлати 5 соли зиндон ҷазо гирифта, ин муҳлат ба ҷазои пешинаи онҳо илова мешавад.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, ба маҳбусони фирорӣ нахуст чораи пешгирӣ татбиқ шуда, онҳо метавонанд дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нигаҳдорӣ шаванд.

“Сипас додгоҳ ҷазо ва шароити адои онро таъин карда, баъдан онҳо ба дигар муассиса гузаронида мешаванд. Агар ба онҳо шароити дигар таъин шавад, онҳо ба дигар муассиса интиқол меёбанд. Агар шароити нигаҳдорӣ иваз нашавад, бо назардошти ба фирор майл доштани онҳо, метавонанд ба дигар муассиса гузаронида шаванд. Ин масъаларо аллакай Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН) ҳал мекунад”, – гуфтааст Черҷиев.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...