Баъди нашри “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Ҳушдори вазорати муҳоҷират аз қаллобон ва шикояти муҳоҷирон аз кори ин ниҳод

Баъди нашри “рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия, ки дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират зикр шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз зиёд шудани қаллобон ҳушдор дода, аз муҳоҷирон хостааст эҳтиёткор бошанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ шикоят доранд, ки рақамҳои барои тамос гузоштаи […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Баъди нашри “рӯйхати сиёҳ”-и ВКД-и Русия, ки дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират зикр шудааст, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз зиёд шудани қаллобон ҳушдор дода, аз муҳоҷирон хостааст эҳтиёткор бошанд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ шикоят доранд, ки рақамҳои барои тамос гузоштаи ин ниҳод посух намедиҳад.

Ин ниҳод бо нашри як эълон гуфтаст, ки маҳз баъди расонаӣ шудани “рӯйхати назоратшавандаи”-и ВКД Русия қаллобон ин ҳолатро ба нафъи худ истифода бурда, аз ҳисоби муҳоҷирон маблағи муфт кор мекунанд.

Вазорати меҳнату муҳоҷират мушаххас аз қаллобон ном набурдааст, танҳо ҳушдор додааст, ки шаҳрвандон ба миёнаравҳо муроҷит накунанд ва танҳо ба намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар дохил ва Русия муроҷиат кунанд..

“Расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндаҳо ройгон мебошад”, -гуфтааст ин ниҳод.

Аммо худи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шикоят доранд, ки телефонҳои гузоштаи мақомоти Тоҷикистон дар робита ба муроҷиати онҳо дар сурати будани номашон дар рӯйхат кор намекунанд ва ё ба зангҳои онҳо касе посух намедиҳад.

Чанд муҳоҷири кории тоҷик дар шарҳи хабарҳо дар робита ба “рӯйхати сиёҳ”-и ВКД русяти навиштанд, ки баъди маълум шудани номашон дар ин рӯйхат ба телефонҳо, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои тамос ва шарҳи мушкилӣ гузоштаанд, занг заданд, вале касе посух намедиҳад ва ё аксаран хомӯш аст.  

Ёдрас мешавем, ки чанде қабл мақомоти Русия “рӯйхати шахсони таҳти назорат”-ро нашр кард. Дар он номи зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират гумонбар мешаванд, зикр шудааст.

Ин рӯйхат дар доираи низоми нави ихроҷ, ки аз 5-уми феврали соли 2025 татбиқ мегардад, таҳия шудааст.

Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти 👉  @apnamecheck_bot  фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.

Агар номи шумо дар ин рӯйхат бошад, то 5 феврали 2025 бояд ба мақомоти муҳоҷирати Русия муроҷиат карда, худро ба қайди қонунӣ гиред ё кишварро тарк намоед, вагарна ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид шуда, ҳуқуқи вуруд ба Русияро аз даст медиҳед. Шаҳрвандоне, ки ихроҷ шудаанд ё бо хоҳиши худ Русияро тарк кардаанд, барои хориҷ кардани номашон аз рӯйхат бояд бо шиноснома ба шӯъбаи муҳоҷирати ҷойи зист муроҷиат кунанд. Агар душаҳрвандӣ дошта бошед ё қонунӣ кор кунед, нусхаи шиносномаи худро ба намояндагиҳои Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия пешниҳод намоед.

Вазорати меҳнат барои муроҷиат ба намояндагиҳои ин ниҳод дар Русия рақамҳои зеринро пешниҳод кардааст:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (901) 344-77-77 ;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.