Ба бекорони Суғд беш аз 2, 5 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Давоми 9 моҳи имсол ба 3 ҳазору 59 сокини бекори вилояти Суғд 2 миллиону 841,7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфт, се гурӯҳ шахсони бекоре, ки ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта мешаванд, аз кӯмакпулии давраи бекорӣ бархӯрдор мешаванд. Инҳо нафарони аз хидмати ҳарбӣ озодшуда, собиқ маҳбусон ва шаҳравандоне, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст.

Гуфта шуд, имсол теъдоди гирандагони кӯмакпулии давраи бекорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 250 нафар зиёд шуда, ҳаҷми кӯмакпулӣ 335,4 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Аз рӯйи маълумоти ин ниҳод, ба 284 нафар собиқ маҳбусон кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.

“Давоми 9 моҳи соли 2024 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 397 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд, ки 165 нафари онҳо бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд”, – гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.

Ин кӯмакпӯлӣ солҳои қабл 600 сомонӣ буда, аз якуми июли имсол 800 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохта мешавад.

Ёдовар мешавем, давоми нӯҳ моҳи имсол ба  шӯъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вилояти Суғд 35 ҳазору 53 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд ва 17 ҳазору 259 нафар ба ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Аммо ҳамоно таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз мушкилоти умда дар кишвар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...