Ба бекорони Суғд беш аз 2, 5 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд

Давоми 9 моҳи имсол ба 3 ҳазору 59 сокини бекори вилояти Суғд 2 миллиону 841,7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфт, се гурӯҳ шахсони бекоре, ки ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта мешаванд, аз кӯмакпулии давраи бекорӣ бархӯрдор мешаванд. […]

Давоми 9 моҳи имсол ба 3 ҳазору 59 сокини бекори вилояти Суғд 2 миллиону 841,7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дода, гуфт, се гурӯҳ шахсони бекоре, ки ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта мешаванд, аз кӯмакпулии давраи бекорӣ бархӯрдор мешаванд. Инҳо нафарони аз хидмати ҳарбӣ озодшуда, собиқ маҳбусон ва шаҳравандоне, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст.

Гуфта шуд, имсол теъдоди гирандагони кӯмакпулии давраи бекорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 250 нафар зиёд шуда, ҳаҷми кӯмакпулӣ 335,4 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Аз рӯйи маълумоти ин ниҳод, ба 284 нафар собиқ маҳбусон кӯмакпулӣ пардохт гардидааст.

“Давоми 9 моҳи соли 2024 ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 397 нафар шаҳрвандони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озодгардида муроҷиат намуданд, ки 165 нафари онҳо бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд”, – гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.

Ин кӯмакпӯлӣ солҳои қабл 600 сомонӣ буда, аз якуми июли имсол 800 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохта мешавад.

Ёдовар мешавем, давоми нӯҳ моҳи имсол ба  шӯъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ вилояти Суғд 35 ҳазору 53 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд ва 17 ҳазору 259 нафар ба ҷойи корӣ таъмин шудаанд. Аммо ҳамоно таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор аз мушкилоти умда дар кишвар боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.