Дар фурудгоҳҳои Маскав санҷиши сурат ва изи ангуштони хориҷиён ҷорӣ мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 1 декабр дар фурудгоҳҳои Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург озмоиши ҷорисозии расмиёти санҷиши сурат ва изи ангуштон (дактилоскопия)-и хориҷиён ҳангоми вуруд ба Русия оғоз мегардад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба “Коммерсант” муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой, ки ба сиёсати муҳоҷират дар Вазорат низ масъул аст, хабар додааст.

“Маскав як маркази муҳими нақлиётӣ ва маркази ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад. Пас аз санҷиши система, ҳукумат ва Хадамоти федералии амният (ФСБ) ният доранд, ки имкони тавсеаи онро дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ баррасӣ кунанд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба ақидаи Горовой, бақайдгирии изи ангушт ва суратгирӣ дар марз метавонад хатари ворид шудани шахсони хатарнокро барои Русия кам кунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар як соли гузашта ва аввали соли 2024 тақрибан 5 ҳазор кӯшиши ғайриқонунии убури марз бо маълумоти тағйирёфта ошкор карда шудааст.

Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки 8 август президенти Русия ду қонуни федералӣ ба имзо расонид, ки онҳо аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо хоҳанд кард. Ин қонунҳо ба кормандони ВКД салоҳият медиҳанд, ки дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ бе муроҷиат ба додгоҳ қарор қабул кунанд, инчунин барои шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар кишвар ҳузур доранд, реҷаи нави муҳоҷиратро ҷорӣ мекунанд.

Дар Русия рӯйхати шахсони таҳти назорат — шаҳрвандони хориҷие, ки дар кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доранд, таҳия шуд. Ба ин шахсон идораи нақлиёт, истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ, сабти молу мулк ва инчунин супоридани ҳуҷҷатҳои фарзандонашон ба таълимгоҳҳо манъ карда мешавад.

Қаблан мақомоти Русия "рӯйхати шахсони таҳти назорат"-ро нашр карданд, ки ба он беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шуданд. Ин шаҳрвандон дар вайрон кардани қонунгузории Русия гумонбар дониста мешаванд.

Баъд аз амали террористии рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки  дар он чанде шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, шароити муҳоҷирон дар Русия ва онҳое, ки нияти рафтан ба ин кишварро доранд, сахттар шуд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик аз боздошт дар фурудгоҳҳои Русия ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо баҳонаҳои гуногун шикоят карданд. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуд.

Моҳҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар мавриди поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия борҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки 4 октябр дар Душанбе баргузор шуд, сарвазир Қоҳир Расулзода аз афзоиши ҳолатҳои роҳ надодан ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо баҳонаи таъмини амният ва инчунин боздоштҳои тӯлонӣ дар марз изҳори нигаронӣ кард.

Дар посух муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин пешниҳод кард, ки барои назорати муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии амалиёти таъмини амният гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ масъалаи поймолшавии ҳуқуқҳои муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷикро дар қаламрави кишварҳои ИДМ ба миён гузошта, таъкид кард, ки чунин амалҳо ба принсипҳои башардӯстона мухолиф мебошанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода низ ба ҳамтои худ дар Русия Татяна Москалкова муроҷиат карда, хоҳиш намуд, ки ба поймолшавии ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия, аз ҷумла ба ҳолатҳои амалҳои ғайриқонунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...