Партовгоҳ ҳамоно месӯзад, вале сокинон аз он даромад мегиранд. Гузориш аз майдони партови наздикии Душанбе

Дар роҳ ба самти шаҳри Ваҳдат, 11 километр дуртар аз Душанбе дар 22 гектар майдони партов (полигон) ҷойгир аст. Бӯи нофорами партовҳо ҳанӯз аз чанд километр дуртар аз партовгоҳ эҳсос мешавад. Дар наздикии майдон одамон зиндагӣ доранд ва бисёре ба ҷамъовариву ҷудо кардани партовҳо машғуланд. Аксари онҳо маълумоти олӣ надоранд, вале аз кори худ шикоят намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кор чандон бад нест […]

Анна Мифтахова, Asia-Plus

Дар роҳ ба самти шаҳри Ваҳдат, 11 километр дуртар аз Душанбе дар 22 гектар майдони партов (полигон) ҷойгир аст. Бӯи нофорами партовҳо ҳанӯз аз чанд километр дуртар аз партовгоҳ эҳсос мешавад. Дар наздикии майдон одамон зиндагӣ доранд ва бисёре ба ҷамъовариву ҷудо кардани партовҳо машғуланд. Аксари онҳо маълумоти олӣ надоранд, вале аз кори худ шикоят намекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кор чандон бад нест ва дар як рӯз метавонанд аз 200 то 500 сомонӣ пул кор кунанд.

Майдони партовгоҳ доимо дар коми оташ буд, ин сӯхтор воқеан ба вазъи фавқулода монанд аст. Он барои инсон ва экосистемаи маҳаллӣ хатарнок аст. Замин ва ҳаво олуда шуда, одамоне, ки дар наздикиҳо иқомат мекунанд, аз бемориҳои гуногун азият мекашанда, вале сабаби аслии онро намедонанд.

Ҳангоми оташгирӣ дар партовгоҳ таъсири моддаҳои зараровар ба организм фавран рух медиҳад, зеро ҳатто як бор ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда аз меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ чандин маротиба зиёдтар аст.

Дар вақти сӯхтани партовҳо дар ҳаво маҷмӯи моддаҳои заҳрнок хориҷ мешаванд, ки барои одамон хеле зараровар аст. Хусусан, диоксинҳо ва пайвастагиҳои диоксинмонанд хатарноканд, ки метавонанд дар организми инсон ҷамъ шуда, ба бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон оварда расонанд.

Партовҳои органикӣ дар зери таъсири шароити мусоид метавонанд худ аз худ оташ гиранд ва халогиҳои ҳавоӣ, ки ҳангоми ҷамъшавии партовҳои бузургҳаҷм ба вуҷуд меоянд,  ба паҳн шудани оташ мусоидат мекунанд.

Барои таъмини бехатарии майдон партовҳо бояд талаботи гигиенӣ оид ба нигоҳдории партовгоҳҳо риоя гардида, корҳои пешгирии худ аз худ оташгирӣ назорат шавад. Инчунин тарзи нест кардани партовҳо ба воситаи усулҳои барои инсон ва табиат безарар ба роҳ монда шавад.

Дар солҳои 70-80-ум дар ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) партовгоҳҳоро дар регзору қумзорҳо, пастхамӣ ва чуқуриҳо ташкил мекарданд, ки ба талаботи муосири ҳифзи табиат мувофиқат намекунад.

Аз ҳамон вақт партовгоҳҳо дар ҷойҳои худ боқӣ монда, бинобар ҷамъшавии фтор ва метан доимо оташ мегиранд ва ҳаворо бо газҳои заҳрнок олуда месозанд.

Партовгоҳи Душанбе 39 сол инҷониб амал мекунад ва ҳанӯз баста нашудааст, ҳарчанд тибқи тавсияи мутахассисон, чунин партовгоҳҳо ҳар 20 сол бояд ба ҷойи нав кӯчонида шаванд.

 

Ба бӯй одат карда, вале дар бораи зарар ба саломатӣ фикр намекунанд

Дар майдони партовгоҳи пойтахт ҳар рӯз одамоне машғули коранд, ки корманди КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» нестанд, аммо ба гуфтаи директор, бо ҳар кадоме аз онҳо шартнома баста шудааст.

Онҳо партовҳоро ба категорияҳо ҷудо мекунанд: шиша, металл, пластик ва барои ин меҳнати вазнин дар як рӯз аз 200 то 500 сомонӣ пул кор мекунанд.

Барои як килограмм шиша дар ин ҷо 1 сомонӣ, металл – 1,5 сомонӣ ва пластик – аз 20 дирам то 1 сомонӣ медиҳанд.

Дар як рӯз онҳо аз 5 то 10 халтаҳои калон ҷамъ карда, ба мошинҳо месупоранд.

Партовҳо дар чунин ҳолати ҷудошуда барои коркарди дубора фиристода мешаванд.

Аҳолии маҳаллӣ дар назди дурбин суҳбат  намекунанд, вале озодона фикрашонро мегӯянд. Як ҷавон дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки дар деҳаи хурде дар паси роҳи партовгоҳ зиндагӣ мекунад.

Ба саволи он ки бӯи партовҳои сӯхта ба оила ё ҳамсоягонаш халал намерасонад, ҷавоб дод, ки "ҳама кайҳо ба ин одат кардаанд".

Дар бораи зарари партовгоҳ ба саломатӣ  фикр намекунанд, зеро аз он пули хуб ба даст меоранд.

Ӯ ва ҳамкоронаш ба кори дигар намераванд, зеро маълумоти олӣ надоранд. Аммо ба ғайр аз кор дар партовгоҳ, ӯ дар замини наздиҳавлигии худ гандум ва дигар зироатҳои ғалладона кишт карда, ҳосилашро мефурӯшад.

Дар ин ҷо инчунин, теъдоди зиёди занон низ кор мекунанд, ки аксари онҳо камбизоатанд ва бештарашон ҳатто маълумоти ибтидоӣ надоранд.

 

Дар ҷойи партовгоҳ корхона сохта мешавад

Тибқи дастури шаҳрдори Душанбе дар соли 2025 дар ҷойи партовгоҳ сохтмони корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба хабарнигорони «Азия-Плюс» директори КВД «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» иттилоъ дод (аз гуфтани номаш худдорӣ кард).

– Ин корхонаро чиниҳо месозанд ва илова ба коркарди партовҳо, аз гази ҳосилшуда ҳангоми сӯхтан нуриҳои минералӣ истеҳсол мекунанд, — гуфт ӯ.

Як корхонаи хурди коркарди партовҳо дар шаҳр ҳанӯз соли 2011 сохта шуда буд, вале он қодир нест тамоми партовҳои воридшударо, ки аз пойтахт ҳар рӯз оварда мешаванд, коркард кунад — дар як шабонарӯз ба партовгоҳ тақрибан 1500 тонна партови маишӣ оварда мешавад.

Ҳар як мошини воридшаванда барои овардани партовҳо маблағи муайян пардохт мекунад. Ин маблағ ҳамон пардохти ҳармоҳаи сокинон барои баровардани партовҳо мебошад.

Дар долони дафтари кории ин ташкилот нархномаи хидматрасониҳо насб шудааст, ки арзиши қабули партовҳо, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳои сахти маишӣ, ҳайвоноти мурда ва хароҷоти марбут ба интиқол ва нобудсозии партовҳои тиббиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки партовҳои тиббӣ ва лампаҳои рӯшноидиҳанда (светодидодӣ) дар ҳамин ҷо, дар оташдонҳои махсус нобуд карда мешаванд.

Партовҳои боқимондаро бо булдозерҳо зери хок мекунанд, вале бинобар  зиёд будани партовҳо, ба ин кор на ҳамеша фурсат меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.