Таваққуфгоҳҳои худкори музднок дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?

Дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои худкори музднок барои автомашинаҳо амал мекунанд. Онҳо дар куҷо ҷойгир шудаанд, чӣ гуна кор мекунанд, арзишашон чӣ қадар аст ва чӣ гуна метавон осон пардохт намуд? Ҳамаи ҷавобҳо дар маводи мо:   Таваққуфгоҳҳои худкори музднок дар куҷо ҷойгир шудаанд? Макони ҷойгиршавии ҳамаи таваққуфгоҳҳо дар портали махсуси neru.tj зикр шудаанд. Бо истифода аз харита шумо хеле […]

Маводи шарикон

Дар шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои худкори музднок барои автомашинаҳо амал мекунанд. Онҳо дар куҷо ҷойгир шудаанд, чӣ гуна кор мекунанд, арзишашон чӣ қадар аст ва чӣ гуна метавон осон пардохт намуд? Ҳамаи ҷавобҳо дар маводи мо:

 

Таваққуфгоҳҳои худкори музднок дар куҷо ҷойгир шудаанд?

Макони ҷойгиршавии ҳамаи таваққуфгоҳҳо дар портали махсуси neru.tj зикр шудаанд. Бо истифода аз харита шумо хеле зуд таваққуфгоҳи наздиктаринро ёфта метавонед.

 

Нархи таваққуфгоҳи худкори музднок чанд аст?

10 дақиқаи аввал – бепул, баъдан ҳар 1 соат 3 сомонӣ нарх дорад. Шабона аз соати 10-и шаб то 7-и субҳ – таваққуфгоҳ бепул аст.

 

Маблағи таваққуфгоҳҳои худкори музднокро чӣ хел метавон пардохт кард?

Пардохт бо пули нақд барои таваққуфгоҳ ғайриимкон аст. Лекин се тарзи дигар дастрас аст: тариқи QR-рамз (код), ба воситаи замимаи бонкӣ ва тавассути паёмак (смс).

 

Тариқи QR-рамз

Камераи телефони худро ба QR-рамзе, ки дар таваққуфгоҳ ҷойгир аст, наздик баред. Дар телефони Шумо ба таври худкор бахши пардохти таваққуфгоҳ дар замимаҳои мобилии DC NEXT ё Favri аз Коммерсбонк кушода мешавад. Ин ҷо шумо метавонед рақами давлатии воситаи нақлиёт (0000АА01) ва вақти таваққуфро ворид карда, пардохтро анҷом диҳед.

Таваҷҷуҳ! Ҳамаи QR-рамзҳо ягона мебошанд. Барои анҷом додани пардохт нусхабардорӣ (скан кардан)-и QR-рамзи маҳз ҳамон таваққуфгоҳе, ки шумо ҳозир аз он истифода мебаред, ҳатмӣ нест.

 

Пардохт ба воситаи замимаҳои бонкӣ

Маблағи таваққуфгоҳро тариқи замимаҳои бонкии DC NEXT ё Favri аз Коммерсбонк пардохт кардан мумкин аст.

 

Тариқи DC NEXT:

1. Интихоби бахши “Хизматрасониҳо” (Сервисы);

2. Баъдан Cityparking;

3. Рақами автомашинаи худро нависед (0000АА01);

4. Вақти таваққуфро муайян кунед;

5. Тугмаи “Пардохт” (Оплатить)-ро пахш намоед. 

 

Тариқи замимаи Favri:

1. Кушодани “Дигар хизматрасониҳо” (Другие услуги);

2. Интихоби бахши “Пардохти таваққуфгоҳ (Neru)” (Оплата парковки (Neru);

3. Ворид кардани рақами автомашина (0000АА01) ва маблағ;

4. Пахши “Пардохт” (Оплатить).

 

Тариқи паёмак (СМС)

Барои пардохт тариқи паёмак ба рақами кӯтоҳи 7788 рақами давлатии воситаи нақлиёт, силсила ва минтақа (0000АА01)-ро равон кунед.

Ба Шумо дар муддати якчанд сония дар бораи бақайдгирии муваффақона паёмаки ҷавобӣ меояд. Дар идома Шумо вақти таваққуфро ворид менамоед, масалан “як ё ду соат” ва ғайра.

Агар телефони Шумо ба замимаи бонкӣ пайваст набошад, маблағ аз тавозун (баланс)-и телефон гирифта мешавад. Агар пардохт муваффақона анҷом ёбад, ба Шумо паёмаки дахлдор ирсол мегардад.

 

Оё боз дигар тарзҳои пардохт пайдо мешаванд?

Лоиҳа оид ба роҳандозии фаъолияти таваққуфгоҳҳои худкори музднок дар навбати аввал, барои беҳбуди некӯаҳволии сокинони шаҳр пешбинӣ шудааст. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои сокинони пойтахт баррасӣ ва ба инобат гирифта мешаванд. Ба наздикӣ тарзҳои нави пардохт тариқи дигар замимаҳои бонкӣ рӯйи кор меоянд.

 

Агар мошинро дар таваққуфгоҳ гузориву пардохт накунӣ, чӣ мешавад?

Барои ин, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо – 72 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

 

Ҷаримаро чӣ гуна метавон пардохт кард?

Барои ин ба шӯъбаи БДА рафтан лозим нест – вақти худро сарфа намуда, дар портали neru.tj дар утоқ (кабинет)-и шахсӣ бо истифода аз “Корти милли”-и ҳама бонкҳои Тоҷикистон ё замимаҳои мобилии DC NEXT ё Favri пардохт кунед.

Агар ба ҳар сурат ба шӯъбаи БДА рафтед, дар хотир дошта бошед, ки ин ҷо пардохт бо пули нақд ғайриимкон аст. Пардохти ҷарима танҳо бо роҳи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад. Агар бо ҳолате дучор шудед, ки аз шумо пардохти ҷаримаро бо пули нақд талаб кунанд ё маблағи ҷарима аз будаш зиёд шавад, метавонед бо рақами 7788 ё 2341064 шикоят кунед.

Тавсия медиҳем, ки ҷаримаҳоро онлайн ба воситаи утоқи шахсӣ дар сомонаи neru.tj пардохт намуда, аз ёрии миёнаравон худдорӣ кунед.

 

Боз савол доред?

Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар мавриди бақайдгирӣ дар портали neru.tj ё пардохт кардан, шумо ҳамеша метавонед ба хадамоти дастгирӣ бо рақами 7788 муроҷиат намоед.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.