“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд

Ба муносибати 60-солагии Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон гулчини ғазалҳои ӯ бо номи “Сетор” ва маҷмӯаи “Гавҳари ашк”-и Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар ин бора 30-юми октябр Давлат Сафар иттилоъ дода, навишт, ки ин ду китобро нашриёти “Ирфон” ба табъ расонидааст. Мураттиби ин китобҳо Шоҳонаи Озарахш, номзади улуми филологӣ ва фарзанди ин ду […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Ба муносибати 60-солагии Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон гулчини ғазалҳои ӯ бо номи “Сетор” ва маҷмӯаи “Гавҳари ашк”-и Озарахш, Шоири халқии Тоҷикистон аз чоп баромад. Дар ин бора 30-юми октябр Давлат Сафар иттилоъ дода, навишт, ки ин ду китобро нашриёти “Ирфон” ба табъ расонидааст.

Мураттиби ин китобҳо Шоҳонаи Озарахш, номзади улуми филологӣ ва фарзанди ин ду шоир дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар китобҳо танҳо ғазалҳо гулчин шудаанд.

“Дар китоби “Гавҳари ишқ” 100 ғазал аз “Девон”-и аввал ва 100 ғазали дигар аз “Девони ишқ”-и падарам гулчин кардем ва аз рӯйи алифбои тоҷикӣ тадвин кардем. “Девони ишқ”, ки 100 ғазалаш ба “Гавҳари ишқ” интихоб шуд, то ҳол нашр нашудааст”,-гуфт ӯ.

Дар “Сетор” 100 ғазал аз “Девони ғазалиёт”-и Фарзона ва 100 ғазали дигар аз китобҳои “Арғувони офтоб”, “Найсон”, “Найшакар” ва дигар маҷмуаҳо гулчин шудаанд.

Ин ду китоб ба теъдоди 100 нусхагӣ ба чоп расиданд.

Шоҳонаи Озарахш гуфт, ҳамчунин чанд рӯз пеш китоби “Ҳумоюннома”, ки соле пеш дар Тоҷикистон нашр шуда буд, ба теъдоди 500 нусха дар нашриёти “Хирадгон”-и Теҳрон бо хатти форсӣ нашр гардид.

Нуралӣ Нурзод, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд китобро ба хати форсӣ баргардон кардааст ва онро рӯзе пеш олимаи эронӣ, Суҳайло Юсуфӣ ба Тоҷикистон овардааст.

Ин китобҳо имрӯз, 1 ноябр дар конфронси байналмилаии илмӣ – амалӣ, ки ба муносибати 60-солагии Фарзона таҳти унвони "Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик" дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯнамоӣ гардиданд.

Дар маҳфил Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони Иттифоқи нависандагон, шоирону адабиётшиносон ва ҳаводорони назм аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ӯзбекистону Эрон иштирок карданд.

Дар конфронс аз корнома ва эҷодиёти Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик гуфта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио