Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд

Дар Душанбе се нафар мардони қаблан аз ҷониби додгоҳ маҳкумшуда – Ҳамза Валиев, Саидҷамол Каримов ва Наҷбуддин Шарипов боздошт шуданд. Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин дафъа онҳо барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, номбурдагон худро ҳамчун устои таъмири манзили истиқоматӣ муаррифӣ намуда, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе, Маърупов […]

Asia-Plus

Дар Душанбе се нафар мардони қаблан аз ҷониби додгоҳ маҳкумшуда – Ҳамза Валиев, Саидҷамол Каримов ва Наҷбуддин Шарипов боздошт шуданд.

Тавре ки Раёсти ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин дафъа онҳо барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, номбурдагон худро ҳамчун устои таъмири манзили истиқоматӣ муаррифӣ намуда, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе, Маърупов З.-ро дар манзили зисташ латукӯб кардаанд.

“Бо роҳи маҷбурӣ маблағҳои пулӣ ва як адад телефони мобилии ӯро рабуда, ҳамзамон ду адад телевизиорро шикаста, ба ҷабрдида дар умум беш аз 17-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳодисаи мазкур дар ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди тафтишот қарор дорад. Аз дигар ҷузъиёти ҳодиса хабар дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон ҷиноятҳои ғоратгарӣ зиёда аз ду маротиба – аз 5 ҳолат дар соли гузашта то 11 ҳолат дар соли равон зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.