Ҷаримаи ҳангуфт барои ҳоҷизиёрат. Қариб 8 млн сомонӣ ҷаримаи сокинони Тоҷикистон дар нӯҳ моҳ

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Мӯъминобод барои баргузории маъракаи ҳоҷизиёрат 21,6 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Дар умум, дар нӯҳ моҳи соли 2024, сокинони Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзим қариб 8 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Мӯъминобод Раҷаб Азизов, як сокини ин ноҳияро барои нақзи қисми 2 моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ…) гунаҳкор дониста, 21 ҳазору 600 сомонӣ (300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима кардааст.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ медиҳад, ки  қонунвайронкунии Раҷаб Азизов зимни як “рейд”- и ин Кумита, ки бо ҷалби додраси Додгоҳи ноҳияи мазкур сурат гирифтааст, маълум шудааст.

Аммо назари худи Раҷаб Азизов дар робита қазия дастрас нест.

Дар умум, ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои Тоҷикистон сокинони кишварро барои вайрон кардани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  7 миллиону 897 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд. То ҳол 4 миллиону 591 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст.

“Додгоҳҳои кишвар дар ин давра барои нақзи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1 ҳазору 142 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ кардаанд. Ин 642 ҳолат зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Кумита гуфтааст, дар нуҳ моҳи соли маъракаҳо нисбатан коҳиш ёфта, аммо ошкоршавии қонуншиканиҳо афзоиш ёфтааст.

“Аз ҷумла, тӯйҳои домодиву арӯсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1 ҳазору 736 адад, маросими чил 150 адад кам ва маросими сол 186 адад зиёд сабт шудааст”, – изҳор доштанд аз ин ниҳод.

Бояд гуфт, баъди қабул шудани тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  барои поймол кардани талаботи он ҷарима сангинтар гардид. Ҳамакнун барои нақзи талаботи ин қонун аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор 000 сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) сокинон ҷарима хоҳанд шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли 2007 қабул шуда, ҳадаф аз онро мақомоти кишвар, сарфакорӣ дар баргузории маъракаҳо медонанд. Аммо мунтақидон мегӯянд, баъди қабули ин қонун фасод дар кишвар афзуд ва бо истифода аз он ҳукумат ба зиндагӣ, ҷайб ва аз ному насаб гирифта то масоҳати дастархону гӯру чӯби онҳо дахолат кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...