Тоҷикистон ва БОР дар бораи сохтмони долони сабз созишномаи грантӣ ба имзо расониданд

Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 86,6 млн доллар барои амалисозии «Лоиҳаи намоишии Долони Сабз» созишномаи грантӣ ба имзо расид. Тавре ки Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон – Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки осиёии рушд – хонум Родора Консепсион имзо карданд. Гуфта мешавад, маблағ пурра аз ҳисоби […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 86,6 млн доллар барои амалисозии «Лоиҳаи намоишии Долони Сабз» созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Тавре ки Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Созишномаи мазкурро вазири молияи Тоҷикистон – Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки осиёии рушд – хонум Родора Консепсион имзо карданд.

Гуфта мешавад, маблағ пурра аз ҳисоби бонк дар шакли грант ҷудо мегардад. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар доираи лоиҳа сохтмон ва азнавсозии 49 км роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 км роҳи велосипедронӣ дар назар аст.

Ҳамчунин 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ сохта шуда,  барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа маблағҳои грантӣ ҷудо мешавад.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.

Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон – аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия – ба маблағи умумии зиёда аз 2,7 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2,1 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио