Майя Санду бори дигар президенти Молдова интихоб шуд

Раиси ҷумҳури ғарбгарои Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз эълон шуд ва курсии худро барои чор соли дигар ҳифз кард. Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентии Молдова, ки дирӯз, 3-юми ноябр баргузор шуд, бо касби 55 дарсади раъй рақиби худ Александр Стояноглоро, ки 45 дарсад овоз гирифт, шикаст дод. Александр Стояногло ҷонибдори […]

Asia-Plus

Раиси ҷумҳури ғарбгарои Молдова Майя Санду дар интихоботи президентии ин кишвар пирӯз эълон шуд ва курсии худро барои чор соли дигар ҳифз кард.

Ӯ дар даври дуюми интихоботи президентии Молдова, ки дирӯз, 3-юми ноябр баргузор шуд, бо касби 55 дарсади раъй рақиби худ Александр Стояноглоро, ки 45 дарсад овоз гирифт, шикаст дод. Александр Стояногло ҷонибдори равобити наздиктар бо Русия аст.

Майя Санду ғолиябити худро эълон карда, ба интихобкунандагон ташаккур гуфт ва ваъда дод, ки “президент барои ҳама” хоҳад буд.

Майя Санду ва Александр Стояногло аз ҷонибдорони худ хостанд, ки новобаста ба натиҷаи интихобот дар кишвар сулҳу субот оромӣ нигоҳ дошта шавад.

Бояд гуфт, даври аввали интихоботи президенти дар Молдова 20-уми октябр баргузор шуд. Он вақт Санду 42,3 ва Стояногло 26 дарсади овозҳоро соҳиб шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.