Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Нафаре, ки ронандаи як автобусро дар Душанбе латукӯб ва баъдан фирор карда буд, боздошт шудааст. Навори шиканҷа шудани ронандаи автобуси хатсайри 3 аз ҷониби як мусофир чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва вокунишҳои зиёде дар пай дошт.

Пулиси Душанбе дирӯз, 11-уми ноябр дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар дод, ки ин нафарро боздошт кардааст. Дар иттилои ин ниҳод аз ӯ Самиев Саидшоҳ ном бурда мешавад.

“Номбурда санаи 29-уми октябр ҳангоми расидан дар назди Маркази савдои “Кӯшониён”, ронандаи автобуси мазкур Зоиров Б.-ро шадидан латукӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст”, – омадааст дар хабари пулиси пойтахт.

Сабаби ҷанҷоли ин мусофир бо ронандаи автобус маълум нест.

Мақомот бар зидди Самиев бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237 кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонун аз 36 ҳазор сомонӣ то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшуда ба ин иттиҳоми пулис дастрас нест.

Ин бори аввал нест, ки аз ҷониби мусофирон зери шиканҷа қарор гирифтани ронандагони нақлиёти мусофирбар расонаӣ мешавад. Қаблан мақомот дар ҳодисаи мушобеҳ ба ин чанд нафарро боздошт карда буд.

Аз ҷумла, моҳи январи имсол ҳодисаи ҳамла ба ронандаи таксии ширкати “Як такси” дар Душанбе сарусадоҳои зиёд ба по кард. Гуфта мешуд, 15-уми январи соли 2024 дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе мусофире дар посух ба дархости ронанда Зиёвиддин Беков барои пардохти 37 сомонӣ ҳаққи сафар ба ӯ ҳамла карда, бо корд панҷ захм зада буд. Гуфта мешуд, ки ӯ баъди ин ҳолат аз ҷои ҳодиса гурехтааст.

Мақомот пас аз 6 моҳи ҷустуҷӯи ӯ, моҳи июл барои дарёфти гумонбар дар ҳамла ба ронандаи таксӣ 100 ҳазор сомонӣ мукофот эълон карда буд ва охири моҳи июл аз боздошти ин нафар иттилоъ дода, аз ӯ Абдуҷаббор Ғозиев ном бурд.

Ба иттилои манбаъ, зимни пурсиш гумонбаршаванда – Абдуҷаббор Ғозиев пурра ба ҷинояти содирнамудаи худ иқрор гардидааст. Аммо мақомот мушаххас нагуфт, ки дар пайдо намудани Ғозиев шаҳрвандон кӯмак кардаанд ё на.

Аввалҳои моҳи октябр пулиси шаҳри Душанбе навори ҷузъиёти ҳамла ба Зиёвиддин Беков, ронандаи ширкати “Як такси” дар шаҳри Душанберо нашр кард.  Дар навор гуфта мешуд, Абдудҷаббор Ғозиев “пас аз анҷом додани ин ҷиноят дар охири моҳи январ барои содир кардани дуздӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуда, ба зиндон фиристода шудааст”. Аз ҳамин сабаб мақомот натавонист, ки ӯро сари вақт боздошт кунад.

Мақомот бар зидди Абдудҷаббор Ғозиев барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парванда боз карданд ва ҷазо барои дуздӣ ҳам бояд ба он якҷо мешуд.

Аммо дигар иттилоъе нашр нашуд, ки ин қазия то куҷо расидааст ва нисбати Абдудҷаббор Ғозиев чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...