Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия

Чор узви як оила аз ҷамоати деҳоти Дӯстии деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати корӣ дар пайи сӯхтор ба ҳалокат  расидаанд. Сардори оила Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургути Русия, ки дар он сӯхтор рух дод, ҷон бохтанд. Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр […]

Чор узви як оила аз ҷамоати деҳоти Дӯстии деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати корӣ дар пайи сӯхтор ба ҳалокат  расидаанд.

Сардори оила Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургути Русия, ки дар он сӯхтор рух дод, ҷон бохтанд.

Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр бародари Сарвиноз Бойназарова, Шаҳриёр Бекмирзоев ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

Расонаҳои Русия низ қабалн дар ин бора хабар дода буданд.

Бекмирзоев гуфт, кӯдакони хоҳараш Раҳимов Ёсин 1,6-сола ва  Илҳомзода Фараҳнози 4-сола буданд.

Умарҷон Маҳмудҷонов, имомхатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи фавтидагон рӯзи ҷуъаи 8-уми ноябр ба хок супорида шуданд.

Гуфта мешавад, ки се сол пеш ҳамсари Бойназар аз бемории вазнин фавтида буд. Баъди марги ҳамсар падари хонадон бо фарзанду арӯс ва набераҳояш барои пеш бурдани зиндагии худ ба Русия рафта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.