Марги 4 узви як хонаводаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Русия

Date:

Чор узви як оила аз ҷамоати деҳоти Дӯстии деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар муҳоҷирати корӣ дар пайи сӯхтор ба ҳалокат  расидаанд.

Сардори оила Бойназар Хушназарови 54-сола, келинаш Сарвиноз Бойназароваи 27-сола ва ду наберааш рӯзи 3-юми ноябр дар бӯстонсарои канори шаҳри Сургути Русия, ки дар он сӯхтор рух дод, ҷон бохтанд.

Дар ин бора рӯзи 11-уми ноябр бародари Сарвиноз Бойназарова, Шаҳриёр Бекмирзоев ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.

Расонаҳои Русия низ қабалн дар ин бора хабар дода буданд.

Бекмирзоев гуфт, кӯдакони хоҳараш Раҳимов Ёсин 1,6-сола ва  Илҳомзода Фараҳнози 4-сола буданд.

Умарҷон Маҳмудҷонов, имомхатиби масҷиди ҷамоати деҳоти Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи фавтидагон рӯзи ҷуъаи 8-уми ноябр ба хок супорида шуданд.

Гуфта мешавад, ки се сол пеш ҳамсари Бойназар аз бемории вазнин фавтида буд. Баъди марги ҳамсар падари хонадон бо фарзанду арӯс ва набераҳояш барои пеш бурдани зиндагии худ ба Русия рафта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...