“Рақс бикун ҷоно…” Дар Душанбе фестивали байналмилалии рақс идома дорад

Шоми 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Рақс моро муттаҳид мекунад” намояндагони санъати рақси панҷ кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдаваро ба ҳам овард. Дар фестивал ансамблҳои рақсии ин давлатҳо ва намояндагони расмии мақомоти дахлдор ширкат доштанд. Фестивал бо иҷрои “Нақорабазм” аз ҷониби ансамбли […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шоми 12-уми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фестивали байналмилалӣ таҳти унвони “Рақс моро муттаҳид мекунад” намояндагони санъати рақси панҷ кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия ва Молдаваро ба ҳам овард.

Дар фестивал ансамблҳои рақсии ин давлатҳо ва намояндагони расмии мақомоти дахлдор ширкат доштанд.

Фестивал бо иҷрои “Нақорабазм” аз ҷониби ансамбли рақсии “Зебо” оғоз гардид.

Баъди анҷоми қисмати расмӣ, дастаҳои рақсии “Гулрез”, “Ҷаҳоноро”, “Навои Бадахшон”, “Базморо” , “Парасту”, “Чаман”, “Лола”  ва дастаҳои рақсии Суғду Хатлон аз Тоҷикистон навъҳои гуногуни рақси миллӣ, аз ҷумла “Зарафшонӣ”, “Рақси табақ”, “Рапо”, “Рақс бо қошуқ”-ро иҷро карданд.

Инчунин, дастаҳои рақсии “Баҳор”-и Ӯзбекистон, “Салтанат” аз Қазоқистон, “Берёзка” аз Русия, “Флуйераш” аз Молдава рақсҳои миллии худро намоиш доданд.

Мирзоолим Саидов, Сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг гуфт, ин бори дувум аст, ки дар Тоҷикистон фестивали рақс доир мегардад.   

“Баргузории фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” барои табодули таҷрибаи гурӯҳҳо, ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои ҳунарии рақсии кишварҳо муҳим буда, барои муаррифии рақси миллии тоҷикӣ мусоидат мекунад” – гуфт ӯ.

Фестивал бо иҷрои рақс аз ҷониби ансамбли “Зебо” зери оҳанги “Эй санам” ҷамъбаст гардид.

Имрӯз, 13 ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии фестивал доир мегардад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.