Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора

Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии шаҳри Исфара хабар дод, ки барои гирифтани 40 ҳазор сомонӣ пора барои омода кардани билети ҳарбии носолимӣ гумонбар мешаванд.

Ин ниҳод аз онҳо Д.О.А., нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара, ки ҳудуди 14   сол дар ин вазифа кор мекард ва К.Ш.А., ёрдамчии сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар самти Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ном бурдааст.

Онҳо зимни “гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ” моҳи июли соли ҷорӣ вақте аз шахсе бо номи М.М. ду 20 ҳазор сомонӣ мегирифтанд, боздошт гардида, маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

“…кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М.-ро надоранд, давоми моҳҳои май ва июли соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара аз хешованди охирон дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 40 000 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далели шайъӣ – маблағи пулӣ аз онҳо ёфта гирифта шуд”, – навиштааст Оҷонсии зиддифасод.

Ҳоло нисбати ду нафар барои қаллобӣ бо миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди “б”) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонун аз 105 ҳазор то 157 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони дифои онҳо дастрас нест.

Боздошти ду корманди Коммиссариати ҳарбӣ дар ҳолест, ки дар кишвар маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ идома дорад.

Маълум нест, ки то ҳол дар тамоми кишвар нақшаи даъвати ҳарбӣ чанд дарсад иҷро шудааст.

То ҳол ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва бархе аз шаҳру навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд хабар доданд.

Коршиносон мегӯянд, барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби нисбат ба солҳои пеш тезтар иҷро шудани нақшаи даъват ба сафи артиш шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин мавсими даъват ҳам сарусадоҳое дар бораи “сарбозшикор” ё худ облава вуҷуд дошт ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар ин робита нигаронӣ карда буданд. Вале мақомот мегӯянд, баъди додани даъватнома агар ҷавонон ба коммисариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомот ҳақ доранд, онҳоро зуран ба коммисариат биёранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...