Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Давоми чор рӯз, аз 11 то 14-уми ноябр дар Давлати Кувайт Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пасманзари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт дар оғози моҳи ноябр доир гардид.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Кувайт шоми 11-уми ноябр бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусаввараю лавҳаҳо ва осори мероси таърихӣ ва  иҷрои рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ бо иштироки намояндагони расмии ду кишвар, аҳли ҳунар ва мутрибону навозандагон аз Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ то 14-уми ноябр дар толори  Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ас-Сабоҳи давлати Кувайт намоишгоҳ идома карда, шомҳои мусиқии классикӣ, рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ намоиш дода шуданд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Абдураҳмон ал-Мутайрӣ, вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Кувайт ва бо Муҳаммад ал-Ҷассор, Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти ин кишвар мулоқот намудааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро баррасӣ кардаанд.

 

Ин бори севум аст, ки дар Давлати Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад. Бори нахуст моҳи апрели соли 2015 бахшида ба 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ва бори дувум соле пас, моҳи марти соли 2016 баргузор гардид.

Дар ин баробар Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 рӯзҳои фарҳангии худро баргузор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...