Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд

Давоми чор рӯз, аз 11 то 14-уми ноябр дар Давлати Кувайт Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пасманзари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт дар оғози моҳи ноябр доир гардид. Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Кувайт шоми 11-уми ноябр бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусаввараю лавҳаҳо ва осори […]

Давоми чор рӯз, аз 11 то 14-уми ноябр дар Давлати Кувайт Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пасманзари сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт дар оғози моҳи ноябр доир гардид.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Кувайт шоми 11-уми ноябр бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусаввараю лавҳаҳо ва осори мероси таърихӣ ва  иҷрои рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ бо иштироки намояндагони расмии ду кишвар, аҳли ҳунар ва мутрибону навозандагон аз Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ то 14-уми ноябр дар толори  Маҷмааи фарҳангии Шайх Ҷобир ас-Сабоҳи давлати Кувайт намоишгоҳ идома карда, шомҳои мусиқии классикӣ, рақсу мусиқӣ ва навоҳои миллӣ намоиш дода шуданд.

Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ин кишвар Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Абдураҳмон ал-Мутайрӣ, вазири иттилоот, фарҳанг ва вазири давлатӣ оид ба ҷавонони Кувайт ва бо Муҳаммад ал-Ҷассор, Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, санъат ва адабиёти ин кишвар мулоқот намудааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо баргузории чорабиниҳои муштарак ва табодули сафарҳои ҳайатҳои ҳунариро баррасӣ кардаанд.

 

Ин бори севум аст, ки дар Давлати Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад. Бори нахуст моҳи апрели соли 2015 бахшида ба 20-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ва бори дувум соле пас, моҳи марти соли 2016 баргузор гардид.

Дар ин баробар Давлати Кувайт низ дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 рӯзҳои фарҳангии худро баргузор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.