Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд

Date:

Дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар дод.

Ба навишти манбаъ, ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад.

“Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”, – навиштааст манбаъ.

Китоби мазкур достонҳои  “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” ва  “Мактаби кӯҳна” -ро дар бар мегирад.

Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Театри опера ва балет дар пойтахт, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...