Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд

Дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар дод. Ба навишти манбаъ, ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад. “Хонандаи украинӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар шаҳри Харкови Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ бо теъдоди 1000 нусха нашр шудааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ хабар дод.

Ба навишти манбаъ, ношири китоб муаррих ва рӯзноманигори маъруф, муассис ва мудири Осорхонаи хусусии мулкии шаҳри Харков Андрей Парамонов мебошад.

“Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нависандае ошно мешавад, ки иллатҳои иҷтимоъиро, ки асоси мушкилоту печидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон, дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо мекунад. Дар баробари ин, ба назар мерасад, ки ин асарҳо имрӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳамияти аслии худро гум накардаанд”, – навиштааст манбаъ.

Китоби мазкур достонҳои  “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” ва  “Мактаби кӯҳна” -ро дар бар мегирад.

Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти Шӯравии тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон аст. Театри опера ва балет дар пойтахт, як ноҳия дар Суғд ва чандин кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳо дар Тоҷикистон ба номи ӯ гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.