Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таъсири манфии буҳронҳои ҷаҳонӣ амалисозии Стратегияи миллии рушд (СМР)-и Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 душвор кард.

Дар ин бора рӯзи 14 ноябр сардори Раёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисоди ҶТ Манучеҳра Мадҷон зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон ва коршиносон дар мавзӯи “Ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мониторинги татбиқи СМР Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” изҳори назар кард.

Ӯ пандемияи COVID-19-ро хотиррасон намуда, изҳор дошт, ки бар асари он лозим омад, ки восита ва имкониятҳои молиявӣ ба пешгирии вирус равона карда шаванд.

“Бо вуҷуди дар Тоҷикистон таъмин шудани рушди иқтисоди балндтар нисбат ба дигар кишварҳои минтақа (4,5%), ин соли душвор буд”, – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Мадҷон, ба ҳукумат лозим омад, ки афзалиятҳояшро тағйир дода, маблағҳо, аз ҷумла маблағҳои аз шарикони рушд ҷалбшударо ба бартараф намудани оқибатҳои пандемия равона кунад.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Мадҷон, бар асари вазъи душвори сиёсӣ дар ҷаҳон шарикони рушд низ афзалиятҳои худро тағйир дода, барои кишварҳое чун Тоҷикистон ҷалби маблағҳо боз ҳам душвортар шуд.

Ӯ зикр кард, ки талошҳои ҳукумати кишвар ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба амалисозии СМР равона шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар марҳилаи аввал барои амалисозии Стратегия (солҳои 2016-2020) аз 125 млрд сомонии пешбинигардида ҷалби 110 млрд сомонӣ муяссар шуд Аз ҷумла:  

– 68 млрд сомонӣ – аз ҳисоби давлат (иҷрои нақша – 99%);

– 31 млрд сомонӣ – аз ҳисоби бахши хусусӣ (69%);

– 11 млрд сомонӣ – аз ҳисоби шарикони рушд (89%).

Дар марҳилаи дуюми татбиқи Стратегия (солҳои 2021-2025) ҳоло танҳо 58%-и маблағҳои зарурӣ – аз 115 млрд сомонии пешбинигардида 62 млрд сомонӣ ҷалб шудааст.

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар чӣ бора аст?

Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар 1 декабри соли 2016 тасдиқ шуд

Ҳадафҳои стратегӣ дар доираи ин санад чунинанд:

– таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ;

– раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

– таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат;

– васеъ кардани шуғли маҳсулнок.

Дар доираи СМР-2030 барои кишвар иҷрои се вазифаи зерини калидӣ зарур аст:

– расидан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодие, ки бо кишварҳои дорои сатҳи миёнаи даромад мувофиқ бошад;

– таъмини рушди устувор тавассути гуногунсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;

– густариш ва таҳкими табақаи миёна.

СМР-2030 аз се марҳилаи рушд иборат аст:

– гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ (солҳои 2016-2020);

– таваҷҷуҳ ба рушди босуръати иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорӣ (солҳои 2021-2025);

– ба итмом расонидани саноатикунонии босуръат тавассути афзоиши иқтидорҳо, инчунин рушди илм ва навовариҳо (солҳои 2026-2030).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...